Эмомалӣ Раҳмон ва ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам

Чин - шарики стратегӣ: Раҳмон бо Ли Кетсян мулоқот кард

47
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Чин шарики стратегии кишвар аст ва Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳояш бо Чин ҳавасманд аст

ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат нахуствазири Чин Ли Кетсянро ба ҳузур пазруфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон дар мулоқот пеш аз ҳама қайд кард, ки Чин - шарики стратегии кишвар аст ва Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои ҳамаҷониба бо кишвари омода аст.

"Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳаҷми гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби сармояи Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ, табодули андеша карданд", - гуфта мешавад дар иттилоия.

Таъкид гардидаатст, ки Тоҷикистон омода аст, бо Чин дар самтҳои барои ҷонибҳо судовар, бо роҳи ҷалби сармоя, воридоти технология ва таҷҳизот, истифодаи имкониятҳои “Хазинаи Роҳи абрешим”, таъсиси “Хазинаи сармоягузории Тоҷикистон ва Чин” барои рушди бахши истеҳсолӣ, инфрасохтор, соҳибкории хурду миёна ва туризм, ҳамкориро ба роҳ монад.

Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, пешниҳод гардид, ки миёни ҷонибҳо Комиссияи муштарак оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъсис дода шавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба бозорҳои Чин, ҷалби сармоя барои рушди зерсохтори соҳаи туризм ва густариши ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ба иқдоми ҷониби Чин барои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси дастгирии беғаразона амалӣ мегардад, баҳои баланд дода шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар самти таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карданд.

47