Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон Сӯҳроб Сафарзодаро муовини раиси Ожонси мубориза бо фасод таъин кард

916
Ҳамчунин бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Ахмедов Асомуддин муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин шуд

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Имрӯз, 20 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои ду фармон дар Ожонси мубориза бо фасод ва КДАМ мақомдорони навро таъин кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар фармонҳои раисҷумҳур, Сӯҳроб Сафарзода муовини Ожонси мубориза бо фасод ва Ахмедов Асомуддин муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин шудаанд.

"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сафарзода Суҳроб муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад", - омадааст дар фармони кишвардор.

"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Ахмедов Асомуддин Ҳотамович муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин карда шавад", - омадаст дар фармони дигари кишвардор таҳти рақами 1121 аз 20 октябр.

Пештар бо чанд қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг кадрҳои нав таъин гардида буданд.

 

916