Владимир Жириновский, акс аз бойгонӣ

Жириновский ба Тоҷикистон меояд: аз мулоқот бо донишҷӯён то боздид аз ангурзорҳо

1428
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал - демократии Русия охири моҳи октябр барои се рӯз ба Тоҷикистон меояд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Олимҷон Салимзода,  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ҳамкории  байналмилалӣ ва  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мегӯяд, сафари Жириновский ташаббуси худи ӯ мебошад.

Хабаргузории “Ховар” аз қавли Салимзода афзудааст, ки сафари серӯзаи Жириновский дар ҳайати беш аз 20-нафараи вакилони Думаи давлатии Русия барои таҳкими равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Русия сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ мулоқоти Жириновский бо вазирони тоҷик, роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, раиси Маҷлиси намояндагон ва донишҷӯёни тоҷик дар назар аст. 

“Интизор меравад, ки ходими сиёсии Россия дар доираи сафараш ба Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар Парлумон фраксия доранд ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мулоқот анҷом диҳад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки Жириновскийро дар Тоҷикистон баробари 20 вакили Думаи давлатӣ инчунин коршиносон ҳамроҳӣ менамоянд.

Жириновский ва ҳамроҳонаш аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, назири Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи ширкати алюминии Тоҷикистон "ТАЛКО" ва ангурзорҳои водии Ҳисор боздид хоҳанд кард.

1428
Барчаспҳо:
Тоҷикистон-Русия