Масуд Халифазода, сафири нави Тоҷикистон дар Бритониё ва Нейл Ҳолланд, ноиби Маршали корпуси дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Бритониёи Кабир

Се сол бе сафир: Масуд Халифазода дар Бритониё ба Нейл Ҳолланд нусхаи эътимоднома супурд

263
Масуд Халифазода, сафири нави Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ ба Нейл Ҳолланд, директори ташрифот ва ноиби маршали корпуси дипломатии Вазорати умури хориҷии Бритониё нусхаи эътимоднома супурд

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими супоридани нусхаи эътимоднома 2 ноябр сурат гирифт.

Халифазода моҳи сентябри соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафир дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ таъин гардид.

Қосимов Эркин Садриддинович, ки аз соли 2008 сафир дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ буд, ҳанӯз моҳи январи соли 2016  бо сабаби баромадан ба нафақа аз мақомаш барканор шуда буд. Сафири нав баъди қариб се сол таъин гардид. Тайи ин муддат кордори сафорат фаъолият мекард. 

Масуд Халифазода сафири нави Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи шимолӣ қаблан дар Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

263
Барчаспҳо:
таъиноти кадрӣ, сафир, Тоҷикистон-Британияи Кабир