Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар Остона тағйироти кадриро баррасӣ мекунад

3185
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Остона сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ҳамоиши сарони кишварҳои узви СПАД баъди зуҳри 8 ноябр бо ҳузури роҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Арманистон, Белорусия ва Қирғизистон дар назар аст.

Генсек ОДКБ Юрий Хачатуров
© Фото : пресс-служба президента Таджикистана

Ин ҷаласа дар ҳолест, ки ҳафтаи равон Юрий Хачатуров, намояндаи Арманистон бо дархости мақомоти кишвараш аз мақоми дабири кулли СПАД барканор шуд ва муовинаш Валерий Семериков иҷрокунандаи вазифаи дабири кулл таъин гардид.

Арманистон ахиран эълон кард, ки дар мулоқоти сарони кишварҳои узви СПАД дар Остона ҳатман масъалаи таъини дабири кулли нави ин созмон баррасӣ хоҳад шуд.

Аз номзадҳои асосӣ ба ин мақомро расонаҳо аз Станислав Зас, дабири Шӯрои амнияти Белорус ном мебаранд.

3185