Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Ҳамовозии президентҳо дар масъалаи кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад

1571
Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, аввали моҳи декабр бо сафари корӣ аз Русия боздид кунад

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – СААД 6 декабр дар шаҳри Санкт Петербург дар назар аст. 

Тибқи изҳороти Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар ҳамоиши Санкт Петербург сарони кишварҳои узви СААД хулосаи ниҳоияшонро дар мавриди дабири кулли нави созмон эълон хоҳанд кард.

Ӯ иттилоъ дод, ки Арманистон мехоҳад, ба ҷои намояндаи бозхондшудааш номзади дигари худро пешниҳод кунад.

Аммо ба гуфтаи Назарбоев, то анҷоми роҳбарии намояндаи Арманистон як соли дигар мондааст ва тайи ин муддат дабири нав ҳатто фурсати боздид аз ҳамаи кишварҳои узвро пайдо нахоҳад кард.

“Бинобар ин ҳамаи роҳбарони давлатҳо авлотар медонанд, ки намояндаи Белорус дабири кулли СААД шавад. Тибқи оиннома ва тартиби алифбои русӣ баъди Арманистон Белорус меистад. Мо ин масъаларо 6 декабр дар Санкт Петербург муайян мекунем”, - изҳор дошт Назарбоев.

Ин ҷаласа дар ҳолест, ки ахиран Юрий Хачатуров, намояндаи Арманистон бо дархости мақомоти кишвараш аз мақоми дабири кулли СААД барканор шуд ва муовинаш Валерий Семериков иҷрокунандаи вазифаи дабири кулл таъин гардид.

1571
Барчаспҳо:
дабири кулли СПАД, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-СПАД
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)