Глава МПА СНГ Валентина Матвиенко и спикер верхней палаты парламента Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати Матвиенко боз ба Русия омад

828
Тибқи барномаи сафар Убайдуллоев фардо, 29 октябр дар кори ҷаласаҳои Шӯро ва чилу ҳаштуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ иштирок мекунад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Имрӯз, 28-уми ноябр раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати раиси Шӯрои Русия,  раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ Валентина Матвиенко ба Русия сафар кард.

Тавре дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, тибқи барномаи сафар Убайдуллоев фардо, 29 октябр дар кори ҷаласаҳои Шӯро ва чилу ҳаштуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ иштирок мекунад.

"30 октябр дар идомаи сафари корӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Конференсияи байналмилалӣ "150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина", ки таҳти  Валентина Матвиенко ва Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ менамояд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ин Конфронси сатҳи баланд, ки дар Қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - Қасри Таврический баргузор мегардад, раисони парламентҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, адлия аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар ширкат меварзанд.

Пештар дар охирҳои моҳҳои октябр раиси Маҷлиси миллӣ форуми байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” ба Русия сафар карда буд.

828