Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании глав стран СНГ в Душанбе

Таъзияи амиқ: Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп изҳори ҳамдардӣ кард

465
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям, гуфта мешавад дар барқияи таслият

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи даргузашти раисҷумҳури пешини Амрико Ҷорҷ Буш ба президенти Амрико Доналд Трапм барқияи таслият ирсол кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ медиҳад.

"Хабари реҳлати собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Герберт Уокер Буш боиси андуҳи мо гардид. Марҳум бо фаъолияти сермаҳсули худ дар маснади олии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим соҳиби иззату эҳтироми шаҳрвандони кишвар гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт", - гуфта мешавад дар мактуби изҳори ҳамдардӣ.

Раисҷумҳур ба наздикони марҳум таъзияи амиқ баён кардааст.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям, изҳор доштааст президенти Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, пештар аз даргузашти 41-умин раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар синни 95-солагӣ хабар дода шуд. Бушӣ калон паас аз бемории тӯлонӣ ва дар синни 95-солагӣ вафот кардааст.

465
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Заместитель министра обороны РФ Анатолий Антонов. Архивное фото

Посухи сафири Русия ба изҳороти ИМА бобати мушаки фаросавтӣ дар Аврупо

110
(Таҷдидшуда 15:15 29.10.2020)
Сафири Федератсияи Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов аз сабқати силоҳи мушакӣ дар Аврупо ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дипломат ба изҳороти мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О'Брайен, ки рӯзи чаҳоршанбе омодагии Вашингтон барои дар қаламрави Аврупо ҷойгир кардани силоҳи фаросавтӣ ва мушакҳои баллистикиро эълон кард, чунин посух дод.

"Чунин ниятҳо хатари барҳам задани амнияти минтақавию ҷаҳониро дар бар дошта, боиси шиддати мухолифатҳо мегарданд. Агар Вашингтон воқеан ҳавасманди "назорати амалии аслиҳа" мебошад, барои ин зарур нест, сабқати мусаллаҳсозӣ бо мушакҳо дар қитъаи Аврупо шиддат бахшида шавад", - изҳор дошт Антонов зимни шарҳаш, ки сафорат дар саҳифааш дар фейсбук нашр кардааст.

Антонов пешниҳоди кишвардори Русия Владимир Путинро бобати кам кардани шиддат дар шароити қатъи Шартнома дар бораи рафъи мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвозро "алтернативаи созанда" хонд. 

"Русия омода аст дар ҳамдастӣ бо шарикони хориҷӣ, ба сабқати силоҳи мушакӣ дар Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон, хотима гузорад", - изҳор дошт Антонов.

Шартнома дар бораи рафъи мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвоз ба таъмини суботи стратегии ҷаҳон равона гардида буд. Моҳи августи соли 2019 Амрико аз ин созишнома берун омад. ИМА Русияро дар нақзи созишнома, аз ҷумла озмоиши мушаки манъшудаи 9М729 муттаҳам намуд. Аммо Маскав исрор варзид, ки мушаки онҳо на дуртар аз 500 киломметр озмоиш шуд.

Ба қаламрави мо мушак напартоед: Ҳушдори дигарбораи Эрон ба Озарбойҷону Арманистон

Зимнан, ҳафтаи равон Владимир Путин пешниҳод намуд, ки механизми ҷилавгирӣ аз сабқати мушакӣ таҳия шавад.

Раҳбари Русия гуфт, ки Маскав омода аст мушакҳои 9М729-ро дар қисмати аврупоии кишвар ҷойгир накунад, аммо ба шарте, ки НАТО низ аз чунин иқдом кор бигирад. Вай инчунин пешниҳод кард, ки НАТО маҷмӯаҳои Aegis Ashore бо партобгоҳҳои Mk-41 дар  Аврупо ва 9M729 дар иншооти Калининградро мавриди санҷиш қарор диҳад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Олмон Андреа Сассе посух дод, ки ин ташаббус "сазовори эътимод нест".

110
Барчаспҳо:
Аврупо, Амрико, мушак, Анатолий Антонов, Русия
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото

Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон омода аст истеъфо ва ё ҷон диҳад

2397
(Таҷдидшуда 13:27 29.10.2020)
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар Telegram-аи худ пас аз изҳороташ дар бораи карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) муроҷиати худро ба президенти Фаронса Эммануэл Макрон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қодиров қаблан раҳбари Фаронсаро барои суханронӣ ба ҳимоят аз карикатураҳои пайғамбар маҳкум кард.

Вай Макронро дар пуштибонӣ аз иғво айбдор кард ва илова кард, ки президенти Фаронса "пинҳонкорона мусулмононро ба ҷиноят даъват мекунад".

Қодиров аз Макрон даъват кард, ки ҳамлаҳо ва иғвоҳои мазҳабиро "пеш аз дер шуданаш" боздорад.

Бо шарҳи ин навиштаҳои Қодиров котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки сарони субъектҳо ба сиёсати хориҷӣ машғул нестанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар навиштааш Қодиров таъкид кардааст, ки ба президенти Фаронса на ҳамчун сиёсатмадор, балки ҳамчун як мусалмон муроҷиат кард ва илова кард, ки омода аст суханони худро такрор кунад.

Вай таъкид кардааст, чун шахс, ки дини худро дӯст медорад ва эътиқоди онро қатъиян риоя мекунад, чунин ҳуқуқ дорад.

"Барои ин андеша, агар лозим ояд, ман омодаам аз вазифаам истеъфо диҳам, азоб кашам ё ҷон диҳам! Аммо хомӯш истода тамошо кардан, ки динро тамасхур мекунанд, ман наметавонам ва нахоҳам кард!" - таъкид кард сарвари Чеченистон.

Ёдовар  мешавем, қаблан Макрон зимни суханронии васеъ оид ба мубориза бо ҷудоихоҳии мазҳабӣ дар Фаронса эълом дошт, ки лоиҳаи қонуни марбута ба таҳкими арзишҳои ҷумҳуриявӣ рӯзи 9 декабр пешниҳод хоҳад шуд.

Вай зарурати "озод кардани ислом дар Фаронсаро аз таъсири хориҷӣ" ва шадидтар кардани назорат аз болои маблағгузории масҷидҳо эълом кард.

Сабаби суханронии Макрон куштори муаллими таърих Самуил Пати буд, ки карикатураҳои Пайғамбар Муҳаммадро нишон додаву нишонаи озодӣ хонда буд.

Қаблан президенти Фаронса зимни шарҳи нашри нави карикатураҳои маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo дар моҳи сентябр гуфта буд, ки дар кишвар "озодии куфр" вуҷуд дорад.

Пас аз куштори муаллим, Макрон таъкид кард, ки Фаронса аз нашри карикатураҳо даст намекашад.

2397
Барчаспҳо:
Чеченистон, Дмитрий Песков, Эммануэл Макрон, Ислом, дин, Рамзан Қодиров
Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзноманигори тоҷик даргузашт

Мотам дар журналистика: “илтиҳоби шуш” Маҳмудҷон Дадабоевро бурд

0
(Таҷдидшуда 10:02 30.10.2020)
Маҳмудҷон Дадабоев, рӯзноманигор ва бунёдгузори чандин шабакаи телевизиони мустақил, собиқ сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар синни 52 -солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Дар тайиди ин хабар, яке аз ҳамкорони марҳум дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Дадабоев ҳамагӣ чанд рӯз пеш барои табобат ба Бемористони касалиҳои сироятии Суғд интиқол ёфта буд, вале бегоҳии дирӯз ҷон ба Ҷонофарин супурд.

“Рӯзи 26 октябр дар суҳбати телефонӣ гуфтанд, ки хуруҷи беморӣ монанд ба “илтиҳоби шуш” як каме вазъашонро хароб кардааст. Аммо дирӯз 29 октябр фаҳмидем, ки бандагӣ кардаанд. Худованд раҳмат кунад, ба пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳем”, зикр кард ҳамкори Дадабоев.

Бемористони сироятии Суғд, ба ҳисоби Бемористони клиникавии Суғд аз ду бемористон дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад, ки дар айни ҳол барои табобати бемориҳои ҳамагири COVID-19 ва илтиҳоби шадиди шуш пешбинӣ шудааст.

Ҳамкасбон шогирдон ва дӯстони рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ даргузашти ӯро мотам дар журналиста номида, "дод аз дасти "корона" мегӯянд, ки Маҳмудҷон Дадабоевро низ бурд". 

Маҳмудҷон Дадабоев, аз поягузорони журналистикаи электронӣ дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки бо кӯшишҳои пайвастаи вай чандин шабакаҳои телевизионии мустақил аз ҷумла ТВ “Ҷаҳоноро”, ТВ “СМ-1”, ТВ “7 ситора” ва рӯзномаи мустақили “Суғд” дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон таъсис дода шудаанд.

Маҳмудҷон Дадабоев 27 ноябри соли 1968 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Пас аз анҷоми хизмати сарбозӣ дар соли 1989 фаъолияти меҳнатиашро дар коргоҳи шоҳибофии “Хуҷандатлас” оғоз кардааст.

Ӯ аз соли 1993 то 1995, муассис ва хабарнигори ТВ "Ҷаҳоноро" ва дар солҳои 1997 - 2003 мудири кулли шабакаи телевизион ва радиои “Симои мустақили якум (СМ-1)” буд. Соли 2001 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст.

Як муддат ӯ, омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи мазкур ба донишомӯзон дар боби махсусиятҳои роҳбарӣ дар ВАО дарс мегуфт. Солҳои 2006 - 2007 намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистонро дар вилояти Суғд бар уҳда дошт.

Муассиси ҳафтаномаи мустақили “Суғд” ва инчунин аз моҳи августи 2008 то моҳи октябри соли 2012 мудири кулли шабакаи телевизюниву радиоии "Ҷаҳоноро" буд. Маҳмудҷон Дадабоев сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд низ буд ва соли 2017 бо хоҳиши худ ин вазифа канор рафт.

Вақтҳои охир Дадабоев ба сифати менеҷер дар коргоҳи таъминоти сӯзишвории нақлиёти “Роҳи Сомон” фаъолият мекард. Бисёриҳо ҳоло даргузашти ӯро як талафоти бузург дар ҷомеаи журналистӣ арзёбӣ мекунанд.

Даргузашти Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршиноси Донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

 

 

0