Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил рынок Панчшанбе

Нархҳоро боло набаред: бозорравию масҷидравии Аҳмадзода дар рӯзи истироҳат - Акс

633
Раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, ки дар арафаи Соли нав нархҳо гарон накунанд. "Панҷшанбе" бояд ҳамеша зебо ва ороста бошад", - изҳор доштааст ӯ. Ҳангоми боздид аз масҷид супориш додааст, ки атрофи он обод карда шавад

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 2 декабр, рӯзи якшанбе аз бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд ва масҷиди марказии Шайх Муслиҳиддан боздид кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил рынок Панчшанбе
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил рынок "Панчшанбе"

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми боздиди раиси вилоят аз бозор маълум шудааст, ки "дар  “Панҷшанбе” маҳсулот фаровон буда, як килограм гӯшти гов 38 сомонӣ, помидор 7 сомонӣ, бодиринг 8 сомонӣ, биринҷ 6 сомонӣ, сабзӣ 1 сомониву 30 дирам то 1 сомониву 80 дирам, пиёз 70 дирам – 1 сомонӣ, ангур 6 сомонӣ арзиш доранд."

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил рынок Панчшанбе
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил рынок "Панчшанбе"

"Бозор оинаи шаҳр аст бояд онро ороста ва зебо нигоҳ дошт", - изҳор доштааст Аҳмадзода ва афзудааст, ки фурӯшандаҳо дар арафаи Соли нав нархҳоро боло набардоранд.

Раиси вилояти Суғд ҳангоми боздид аз масҷиди марказии Хуҷанд Шайх Муслиҳиддин супориш додааст, ки атрофи ибодатгоҳ обод карда шавад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки "раиси вилояти Суғд рӯзҳои истироҳатро дар кор мегузаронад". Раиси вилоят аз ду шаҳр боздид карда, бо рафти корҳои ободонӣ шинос шуда буд. Якшанбеи дигар Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳқонони пахтачин кӯмак карда буд.

633