Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, акс аз бойгонӣ

Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Путин дар арафаи Соли нав ва созиш барои наздикшавии бештар

699
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 29 декабр бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин якдигарро бо Соли нав шодбош гуфта, дар соли 2019 сулҳу шукуфоӣ таманно кардаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон саҳми назарраси шахсии Владимир Путинро дар рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ таъкид кардааст.

Роҳбарони ду давлат таъкид намудаанд, ки таҳкими фаъолияти муштарак ба манфиатҳои бунёдии халқҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ буда, омили муҳими суботу амният дар минтақа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Путин изҳор доштаанд, ки минбаъд низ раванди ҳамгироии Тоҷикистону Русияро нигоҳ хоҳанд дошт.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ҷонибҳо инчунин дар масъалаҳои муҳими дорои хусусияти дуҷониба ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.

699