"Number one": дар Маскав бахшида ба Путин атр истеҳсол карданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин, архивное фото
Президент РФ В. Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Русия “бахшида" ба раисҷумҳури кишвар атр истеҳсол карда, ба фурӯш бароварданд

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар Маскав атреро бахшида ба раисҷумҳури Русия истеҳсол намуда, ба фурӯш бароварданд,хабар медиҳад РИА Новости.

Атри мардонаи "Number one" таркибаш аз моеъхои дарахтон ва буттахои махсус ба монанди бергамот, лимон, коти сиёх, равғани арча, ҷалғӯза ва мушк иборат иборат аст.

Атрҳои занонаи "Russian woman" аз моеъҳои дарахтон ва гулҳои ёс, садбарг ва мушк тайёр карда шудаанд.

Атриёти бахшида ба Путинро ташкилоти Leaders истеҳсол кардааст. Дар шишахои атрҳо акси раисҷумҳур тасвир ёфтаанд.

Ба гуфтаи фурӯшандаи атриёт, “Number one” бо микдори махдуд истеҳсол шудааст, аммо талабгорон зиёданд.

Як шишаи атре, ки дар дохили қуттӣ ҷой дода шудааст, 19 хазор рубл арзиш дорад. Бе қуттӣ ба 10 хазор рубл фурӯха мешавад.

Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия гуфтааст, ки дар Кремл ба истифода аз номи раисҷумҳур иҷозат надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0