Мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Узбакистон

Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Узбакистон дар Самарқанд

158
(Таҷдидшуда 12:32 13.01.2019)
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои узбакистонияш Абдулазиз Комилов дар Самарқанд густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Узбакистон, вазири тоҷик барои иштирок дар муколамаи “Ҳинд – Осиёи Марказӣ” дар Самарқанд қарор дорад.

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Узбакистон барномаи мулоқотҳои сатҳи ҳукуматию парлумониро дар соли 2019 баррасӣ карда, ба густариши додугирифти мол таъкид намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, додугирифти коло миёни Тоҷикистону Узбакистон тайи 11 моҳи соли 2018 нисбати 2017 ҳудуди 62 дарсад афзоиш ёфтааст.

Вазирон ҳамчунин номгӯи маҳсулотеро баррасӣ кардаанд, ки метавонанд барои рушди тиҷорати ду кишвар мусоидат кунанд.

Ҷонибҳо инчунин масоили дигар марбут ба минтақаю ҷаҳонро баррасӣ намудаанд.

158