Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, акс аз бойгонӣ

Cозише имзо нашуд: Трамп гуфт, саросема нест ва аз роҳбарии Ким таъриф кард - видео

211
Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА ва Ким Чен Ун, роҳбари Кореяи шимолӣ зимни мулоқот дар Ҳаной, пойтахти Ветнам ба созиши ниҳоӣ дар бораи ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Корея нарасидаанд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Сараҳ Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, феълан созише ҳосил нашудааст, аммо тимҳои ҳар ду ҷониб бесаброна мулоқотҳои ояндаро интизоранд. Ӯ афзудааст, ки роҳбарони ду кишвар роҳҳои гуногуни ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Кореяро баррасӣ намуданд.

Дар ин мулоқот Трамп аз роҳбарии Ким тавсиф карда, изҳори боварӣ намудааст, ки зери роҳбарии ӯ Кореяи шимолӣ ба дастовардҳои бузург ноил хоҳад шуд.

Ким Чен Ун низ зимни мулоқот дар мавриди омодагияш барои ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Корея баён дошта, таъкид намудааст, ки ҳузураш дар ин мулоқот далели омодагӣ барои ин иқдом мебошад. Ӯ ба ҷониби ИМА ташкили дафтари тамос дар Пхенянро пешниҳод намуда, Трамп аз ин пешниҳод истиқбол намудааст.

Дар пайи мулоқот бо Ким, Трамп ба рӯзноманигорон гуфт, Кореяи Шимолӣ хостори лағви таҳримот шуд, аммо ИМА дар вазъи феълӣ омода набуд, таҳримҳоро лағв кунад.  

Трамп гуфт, имрӯз созише имзо нашуд ва таъкид кард, ки ӯ мақсади зуд имзо кардани коғазро надорад, балки мехоҳад ин корро дуруст анҷом диҳад.  Ӯ бо зикри мавқеи мусоиди Кореяи шимолӣ гуфт, боварӣ дорад, ки ин кишвар ба як қудрати бузурги иқтисодӣ табдил меёбад.

Ба гуфтаи Трамп, Ким изҳор доштааст, ки озмоишҳои ҳастаиро анҷом нахоҳад дод ва ӯ ба ин бовар дорад.

211