Дигар иҷрокунанда нест: Файзов Ёдгор Доёрович раиси ВМКБ интихоб шуд - акс

© Facebook / Голиб НиятбековЁдгор Файзов, председатель ГБАО
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якдилона аз номзадии Файзов Ёдгор Доёрович ба мақоми раиси ВМКБ ҷонибдорӣ карданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи мақомоти иҷроияи ВМКБ, вакилони халқи вилоят аз пешниҳоди раисиҷумҳур барои ба мақоми раиси ВМКБ таъин намудани Ёдгор Файзов ҷонибдорӣ карданд.

Қаблан Файзов  аз ҳавзаи интихоботии Аличур №60 бо ҷонибдории 98 дарсади овоздиҳандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон интихоб шуда буд.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ мақоми нав гирифт

Акнун дар назар аст, ки номзадии Файзов ба мақоми узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод гардад ва ӯ ҷойгузини Шодихон Ҷамшед дар мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ шавад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ охири декабри 2018 Шодихон Ҷамшед, муовини раиси Маҷлиси миллиро барои фаъолияти парсамар бо Ифтихорномаи Маҷлиси миллӣ қадрдонӣ намуда, бинобар ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқат  намекунад, ваколаташро пеш аз муҳлат қатъ намуданд.

Шодихон Ҷамшед, собиқ раиси ВМКБ ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми муовини вазири тандурустии кишвар таъин гардид.

Лентаи хабарҳо
0