Город Душанбе, архивное фото

Сафири Эрон: эрониён ва тоҷикон ҷудоинопазиранд

286
(Таҷдидшуда 14:46 05.03.2019)
Сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст гуфтааст, агар ҳамакнун сӯитафоҳуме ҳаст, ки ҷиддӣ ҳам нест, вазифаи давлатмардони ду кишвар аст, ки барои барчидани он иқдом кунанд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон гуфт, эрониён ва тоҷикон ҷудоинопазиранд, менависад "Парс тудэй".

Ба иттилои манбаъ, Алиасғари Шеърдӯст, пажӯҳишгари таърих ва адабиёти форсӣ дар маросими фарҳангии “Шаби Тоҷикистон” дар Теҳрон ин нуктаро таъкид кардааст.

 “Агар ҳамакнун сӯитафоҳуме ҳаст, ки ҷиддӣ ҳам нест, вазифаи давлатмардони ду кишвар аст, ки барои барчидани он иқдом кунанд”, - изҳор доштааст вай.

 “Мо на танҳо ба гузаштаи муштарак ифтихор мекунем, балки ояндаи муштарак ҳам дорем ва ниёз аст, ки мардони бузург по пеш бигузоранд ва сӯитафоҳумҳоро аз миён бардоранд, чун мо душманони муштарак ва дӯстони муштарак ва ояндаи муштарак дорем”, - афзудааст Шеърдӯст.

Сафири собиқ гуфтааст, шоирон ва адибоне монанди Сотим Улуғзода ва Лоиқ Шералӣ дар эҳёи фарҳанг ва адаби Эрон ва Тоҷикистон нақши муҳиме ифо карда ва ҳамвора дар ашъори худ аз пайванди ногусастании ду миллат сурудаанд.

Шеърдӯст гуфт, дар рӯзҳои сахти Эрон, тоҷикон ёру мададрасони Эрон буданд ва дар рӯзҳои сахти Тоҷикистон ҳам Эрон ба ёрии тоҷикон шитофт. Чун як миллатанд ва як мардум бо орзуҳо ва ояндае муштарак.

286
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

235
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

235
Члены движения Талибан, архивное фото

Ғанӣ амр дод, ки то 2 ҳазор маҳбуси Толибонро раҳо шаванд

149
(Таҷдидшуда 11:12 25.05.2020)
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифт, ки тақрибан ду ҳазор маҳбусони толибонро дар посух ба оташбас ба иди Фитр озод кунад

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон раҳо карда шаванд, гуфт сухангӯи ӯ Седик Седикки.

Қаблан Толибон дар Афғонистон аз қатъи тирпаррониҳо давоми се рӯз ба ифтихори Иди Фитр хабар доданд. Президенти Афғонистон инро истиқбол кард ва изҳор дошт, ки раванди озодшавӣ аз маҳбасҳо ҷонибдорони ҷунбиши радикалии Толибон суръат хоҳад ёфт ва аз Толибон даъват карда шуд, ки раҳоии маҳбусонро низ суръат бахшанд.

"Президент Ғанӣ имрӯз (якшанбе) Ҷараёни раҳо кардани 2000 нафар маҳбусони толибонро ҳамчун иқдоми хайрхоҳона дар посух ба эълони оташбаси онҳо дар замони Иди Фитр оғоз кард. Ҳукумати федералии Афғонистон пешниҳоди сулҳро тавсеа медиҳад ва барои таъмини муваффақияти раванди сулҳ қадамҳои минбаъда меандешад "гуфт Сиддиқӣ дар Твиттер.

Ёдовар мешавем охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, ИМА ва гурӯҳи радикалии Толибон аввалин созишномаи сулҳро зарфи беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар тӯли 14 ва гуфтугӯи сулҳро пешбинӣ мекунад.

Муколама миёни ҳукумати Ғанӣ ва Толибон моҳи март пас аз раҳоии маҳбусон аз ҳарду ҷониб оғоз шуд.

149
Барчаспҳо:
оташбас, раҳоӣ, маҳбусон, Толибон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Афғонистон
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Тӯраҷонзода дар бораи фавтидагон ва маризони “вируси корона”

0
(Таҷдидшуда 01:46 27.05.2020)
Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳадисҳои саҳеҳ аз Паёмбари ислом (с) мавҷуданд, ки фавтидагони замони эпидемияро шаҳид хондааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода гуфт, дини ислом дар боби қурбониён, гирифторон ва қонуни қавоиди беҳдоштии замони густариши маризиҳои вогир ё эпидемия ҳанӯз 1400 сол пеш бар асоси ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммад (с) ҳукмҳои худро ҷорӣ кардааст.

Тураҷонзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки “вируси корона” ҳам ба қатори вабову тоун маризии фарогир ё вогир буда, дар замонаҳои Паёмбар (с) шуюъ мекарданд.

Вай дар боби фавтидагон ду ҳадисеро мисол овард, ки саҳеҳ буда, аз сӯи Имом Бухориву Имом Муслим ривоят шудаанд: яке, “Шаҳодату уммати фи тоун” – “Шаҳодати уммати ман дар тоун аст” ва дигарӣ, “Дуъия ал-матъуну шаҳидан” - “Касе ки ба маризии тоун мемирад, ӯ дараҷаи шаҳодат мебарад”.

Азоби Худост ё раҳмат? шарҳи Тӯраҷонзода

“Паёмбар (с) мегуфтанд, ин як навъ азоби Худост, барои ҳар уммате, ки Худо хоҳад, мефиристад, аммо барои бандагони муъмин раҳмат аст. Манзур ин буд, ки худро қарантина карда, амали савоб анҷом диҳед, агар Худованд ба мо тақдир карда бошад, ба ҳамин беморӣ ҳалок мешавем, аммо агар тақдир накарда бошад, қазояш нарафта бошад, сад “вируси корона” – ву тоуну ҳар вабои дигар бошад, дар комаш ҳам ки бошем, ҳалок намешавем. Бояд ба ҳамин чӣ эътиқод дошта бошем. Ҳамин эътиқодро дошта бошеду мариз шаведу намиреду зинда ҳам монед, шумо савобу аҷри шаҳидро мегиред. Дар сурати фавтидан аз ин беморӣ, он гоҳ бандаи Худо шаҳид мешавад, фармудаанд Паёмбари ислом (с)”, - гуфт Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода.

Дар боби қарантина руҳонии саршиноси тоҷик мегӯяд, дар асри Паёмбари Ислом (с) дар Мадинаи мунаввара вабо ё табларза, ки ҳуммо мегуфтанд, иттифоқ афтода буд ва аз он айём ин ҳадис аз эшон дар “Саҳеҳайн” – и Имом Бухорӣ ва Имом Муслим нақл шудааст:

“Чун аз маризии вабо дар як сарзамин хабар ёфтед, агар дохил бошед, хориҷ ва агар хориҷ бошед, дохил нашавед”.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода дар такя ба манобеъи таърихӣ ин қиссаро меорад, ки як маризии вогир ё эпидемияи тоун низ дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (634 — 644) дар Шом (Сурияи имрӯз) иттифоқ афтода, мӯҷиби фавти 17 ҳазор нафар, ба шумули саҳобагони Паёмбар (с) шудааст.

Шумо аз қазои Худо мегурезед? Суол аз Умар, ки вориди минтақаи эпидемия нашуд

Бино ба ин манобеъ, он замон нерӯҳои хилофат барои забти Сурия, ки таҳти султаи Императории Византия буд, меҷангиданд ва халифа Умар соли 635 барои ошноӣ бо ҷабҳаи ҷанг аз Мадина озими Шом мешавад, аммо дар марз ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки аз роҳаш баргардад.

“Амирони лашкар ба истиқболи он кас баромаданд ва дар марзи Шом ба он кас хабар доданд, ки дар ин мулк тоун омадаву ҷони хеле аз мардумро рабудааст. Ҳазрат саҳобаҳоро ҷамъ карда, ба маслиҳат нишастанд, ки ворид шаванд, ё на. Ихтилофи назар шуд, чун ҳадиси Паёмбар (с)-ро бархе саҳобаҳо нашунида будаанд. Мегуфтанд, ки чун аз ҳамин қадар роҳ омадед, вориди Шом нашавед, кори хубе намешавад. Бархе гуфтанд, на, ҳаёти Шумо барои ҳифзи хилофат муҳим аст, агар гирифтор ва шаҳид шавед, хилофат нуқсон мебинад. Ба як хулоса намерасанд. Фардои он рӯз яке аз саҳобаҳо Абдураҳмон ибни Авф, ки дар он машварат набуд, ҳозир шуд ва гуфт, ки шахсан аз Расули Акрам (с) ин ҳадисро шунидааст. Ҳазрат гуфтанд, чун Паёмбар (с) гуфта бошанд, мо ҳам аз роҳ гаштем. Яке аз саҳобаҳо гуфт, ё амиралмуъминин, Шумо аз қазои Худо мегурезед? Ҳазрат гуфтанд, ки бале, мо аз қазои Худо ба сӯи қазои Худо мегурезем. Он тараф ҳам қазои Худост. Ҳар чӣ муқаддар карда бошад, ҳамон ба сарамон меояд”, - қисса мекунад руҳонии тоҷик.

Тӯраҷонзода дар бораи қарантина ва фосилаи иҷтимоӣ

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода мегӯяд, азбаски эпидемия ё маризиҳои вогир дар таърихи башар зиёд иттифоқ меуфтоданд ва рушди илми тиб ба дараҷае, ки дар замони муосир аст, набуд, воқеиятҳо собит месозанд, ки асли ҳама гуна тадобири беҳдоштӣ дар он замонҳо вуҷуд дошт.

“Қарантинае, ки ҳоло дар дунё ҳаст, 1400 сол пеш олами ислом ҷорӣ карда буд. Агар мардум аз кишваре, ки “вируси корона” сар зада буд, хориҷ ва ё он ҷо дохил намешуданд, ҳоло мо шоҳиди чунин фоҷиаҳо набудем. Паёмбари ислом (с) як ҳадиси дигар ҳам доранд: “Фирр мин ал-ҷузом, фирорака мин ал – асад” – “Аз касе, ки бемории ҷузом (бодхӯра, ки гӯшти баданро мехӯрад) дорад, мисле ки аз шер бошад, гурезед!” Ин ҳам далели фосилаи иҷтимоӣ! Ҳоло он чӣ дар бораи фосилаи иҷтимоиву қарантинаи хонагӣ аст ё кишварӣ, назофату беҳдоштиву гигиена, дасту биниро шӯеду тозагиро риоят кунед, мегӯянд, ҳама асли исломӣ доранд”, - гуфт руҳонии саршиноси тоҷик.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода аз хонаводаи маъруфи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи тоҷик ва устоди улуми динӣ аст. Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, намояндагони дигари маъруфи ин хонавода ҳастанд

0
Барчаспҳо:
Муҳаммад, ҳадис, беморӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, вируси нав, Тоҷикистон