Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото

Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Жээнбеков сӯҳбат кард

1069
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи феълии марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

"Имрӯз, 14 март сарони Тоҷикистону Қирғизистон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот вазъи феълии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

"Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков зарурати ташкили комиссияи муштаракро барои баррасии мунсифонаи қазия таъкид намуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин Раҳмону Жээнбеков афзудаанд, ки бояд ин қазия дар оянда такрор нашавад ва ҳарчӣ зудтар марз муайян ва аломатгузорӣ гардад.

Сарони кишварҳо гуфтаанд, ки мардуми Қирғизистону Тоҷикистон бояд танҳо дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунанд.

1069