Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери

Раҳмон эътимодномаи сафирони навтаъини Қирғизистону Эрону Амрико ва Чинро қабул кард

278
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар умум эътимодҳномаи 9 сафири кишварҳои хориҷро, ки ба наздикӣ вуруди Душанбе шудаанд, қабул кардааст

Душанбе, 15 мар-Sputnik. Имрӯз, 15 март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 9 сафири навтаъини кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Ба президенти Тоҷикистон сафири Чин Лю Бин, ИМА Ҷон Марк Поммершайм, Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, Қирғизистон Жаниш Рустенбеков, Шоҳигарии Дания Карстен Сендергорд,  Шри Ланка Нурдин Муҳаммад Шаҳид, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Алкала Кордонес, Конго Давид Мадука ва  Гана Муҳаммед Саюти Яҳая, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Тоҷикистон таҳният гуфтааст.

"Тоҷикистон, бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷии худ, ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои фарогир бо ҳамаи кишварҳои хориҷаи дуру наздик кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад", - таъкид доштааст кишвардор.

Пештар аз омадани сафирони нави Эрон ва Амрико ба Душанбе хабар дода шуд.

Минҷумла, сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм пас аз вуруд ба Душанбе ба сокинони Тоҷикистон паём фиристод ва дар он аз Ҷалолуддини Румӣ шеър қироат кард.

“Вазифаи ман, ҳамчун сафири Амрико дар Тоҷикистон тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, амният, маориф, таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад”, - таъкид намуда буд Ҷон Марк Поммершайм.

278