Даромадгоҳи Ворух, акс аз бойгонӣ

Имзои протокол: роҳ ба Ворух кушодаю роҳи Оқсой Тамдиқ сохта мешавад

801
Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоқов дар пайи музокирот протоколи танзими вазъ дар қисмати марзиро ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ҳукумати Қирғизистон, бар асоси ин санад ҳаракати мошинҳо дар навоҳии наздимарзӣ дар зудтарин фурсат барқарор  мегардад. Бар асоси иттилоияи Ҳукумати Қирғизистон, ҳамчунин созиш шуд, ки сохтмони роҳи Қоқтош – Оқсой – Тамдиқ  идома хоҳад ёфт.

Раззоқов таъкид кардааст, ки санади имзошуда ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Тоҷикистон аз қавли Азим Иброҳим иттилоъ додаанд, ки роҳи Оқсой – Тамдиқ танҳо барои ҳаракати чорво сохта хоҳад шуд.  Ҳамчунин аз созише хабар дода шудааст, ки тибқи он ба деҳаи Ворухи Тоҷикистон роҳи наве сохта мешавад, ки аз ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон убур нахоҳад кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки таҳқиқи таниши ахири марзӣ, ки ду кушта аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистонро барҷой гузошт, идома хоҳад кард ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсии Оқсой - Тамдиқро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

801