Нурсултан Назарбаев подписывает закон РК. Архивное фото

Нурсултон Назарбоев истеъфо дод

705
Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истеъфо дод

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон исеъфо дод, хабар медиҳад РИА Новости.

"Қарор додам, ки салоҳияти худро чун президент канор мегузорам, - гуфтааст Назарбоев дар баромади хеш, ки мустақиман дар телевизионҳои Қазоқистон пахш гардид.

Нурсултон Назарбоев - арбоби сиёсии советиву қазоқ мебошад.

Нурсултон Абшибоевич Назарбоев 6 июли соли 1940 дар деҳоти Ҷемалғони ноҳияи Каскелени вилояти Алмато ҶШС Қазоқистон таваллуд шудааст.

Ӯ аз замони ташкил шудани кишвар, соли 1991 раисҷумҳури Қазоқистон мебошад.

Дар интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ, ки 26 апрели соли 2015 дар Қазоқистон баргузор шуд, Назарбоев 97 дар сади овозҳоро ба даст овард ва пирӯз шуд.

Моҳи феврали соли равон Назарбоев истеъфои ҳукумати Қазоқистонро қабул карда буд.

Он вақт, ӯ дар изҳороташ гуфта буд, ки ҳукумати феълӣ пулшӯӣ мекунад ва дар рафти фаъолияташ некӯаҳволии шаҳрвандони кишварро беҳтар накард.

705