Таманниёти Мирзиёев ба Раҳмон: "хушбахтии оилавӣ"

© © Пресс-служба президента РТВизит Шавката Мирзиёева в Душанбе
Визит Шавката Мирзиёева в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро кишвардорони як қатор мамолики ҷаҳон ба муносибати иди Наврӯз табрик кардаанд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Имрӯз, 21 марти соли 2019, ба унвони Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Нурсултон Назарбоев, президенти аввали Қазоқистон ба Эмомалӣ Шарифович, "саломатии бардавом, муваффақият ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ",-орзу кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, Рустам Эмомалӣ ва 24 ҳазор нафар дар "Наврӯзӣ"-и Душанбе

Дар номаи табрикотии кишвардори  Узбекистон Шавкат Мирзиёев омадааст: "муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, бо самимият Шумо ва тамоми мардуми бародари тоҷикро бо Иди Наврӯз, рӯзи бедоршавии табиат ва эҳёи зебогиву озодагии он табрик менамоям.

Выступление Эмомали Рахмона на главной площади в Душанбе по случаю празднования Навруза - Sputnik Тоҷикистон
Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни “Соли нави аҷдодӣ”

Бо камоли майл мебинем, ки солҳои охир дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак ва иродаи сиёсии мо муколамаи созанда дар сатҳи олӣ – шарикии стратегӣ бурда мешавад, ки он бар боварии муштарак ва эҳтиром миёни мо асос ёфтааст.

Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ба Шумо, дӯсти азизи ман, умри дароз ва хушбахтии оилавӣ, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон — осоиш ва рушд таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз номи мардуми Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам Шумо ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо Иди Наврӯз табрик менамоям.

Ин иди баҳорӣ рамзи бедоршавӣ ва зиндашавии табиат, симои нав дар табиат мебошад, ки бо худ рӯҳияи баланд оварда, инсонро ба некӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ ҳидоят менамояд.

Боварии комил дорам, ки мувофиқи майлу хоҳиши мардумони мо, ки урфу одатҳои Наврӯзро маҳфуз доштаанд, дар оянда низ ҳамаи кӯшишу ғайрати худро баҳри тақвият бахшидан ва нигоҳ доштани дӯстию ҳамкорӣ байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон равона месозанд.

Дар ин рӯзи муборак ба Шумо саломатӣ ва хушбахтӣ, ба мардуми Тоҷикистон осоиш ва рушд орзумандам».

Дар Душанбе “Корвони шодиёнаи Наврӯзӣ" баргузор гардид - Навор

Ҳамин тавр то ин дам ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби президенти Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Сооронбой Жээнбеков, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ номаҳои шодбошӣ ворид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0