Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото

Руҳонӣ ба Раҳмон: "якпорчагии миёни миллатҳоро фароҳам орем"

620
Раисҷумҳури Эрон кишвардори Тоҷикистонро бо иди Наврӯз шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Имрӯз ба унвони Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз барқияҳои табрикӣ ворид шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ дар номаи шодбошиаш раисҷумҳур ва мардуми Тоҷикистонро табрик гуфтааст.

Празднование Навруза в Нуреке
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар номаи табрикотии Ҳасан Руҳонӣ аз ҷумла омадааст: "ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, бо камоли масаррат оғози соли 1398-и ҳиҷрии шамсӣ ва фаро расидани Наврӯзи бостонӣ ва гушоиши чеҳраи дилангези баҳорро табрик ва таҳният мегӯям.

Ҷорӣ шудани суруди тарабангези Наврӯз, шукуфтани шукуфаҳо, сабз шудани ҷони табиат ва нағмаи парастуи баҳорӣ, ҳама ва ҳама нишон аз қудрати фанонопазири Илоҳӣ, фориғ шудан аз кӯҳнагиҳо, ба фаромӯшӣ супурдани сардии зимистон ва таҷдиди зебоӣ ва меҳрубонӣ аст.

Умедворам бо гарм шудани ҷони замин ва оғози растохези табиат, нигариш ва андешаи одамиён ҳамчун рӯзгорашон нав гардад ва бо илҳом аз меҳрубонии баҳор, беш аз пеш ба якдигар шафқат ва меҳрубонӣ варзанд ва соли ҳамроҳ бо оромиш ва саршор аз ишқро оғоз кунанд ва мо давлатмардон битавонем ба воситаи вазиши мавсими шайдоии баҳор, заминаи сулҳ ва якпорчагии ногусастании миёни миллатҳоро фароҳам намуда, некӯаҳволӣ ва шукуфоии фузунтареро ба мардумонамон пешкаш намоем.

Аз Худованди мутаол соли саршор аз умед, сурур ва беҳрӯзиро барои Ҷаноб ва мардуми Тоҷикистон масъалат дорам».

Таманниёти Мирзиёев ба Раҳмон: "хушбахтии оилавӣ"

Ҳамин тавр то ин дам ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, президенти Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Сооронбой Жээнбеков, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ номаҳои шодбошӣ ворид шудааст.

620