Председатель Сената Парламента Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев

Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбат кард

167
Раисҷумҳури Тоҷикистон президенти нави Қазоқистонро ба муносибати иди Наврӯз шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки зимоми иҷрои вазифаи президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба ӯҳда гирифт, суҳбати телефонӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ба ин муносибат сидқан табрику муборакбодӣ карда, ба ӯ фаъолияти самарбахшро дар ин маснади сермасъули давлатӣ бар нафъи шукуфоиву пешрафти минбаъдаи Қазоқистони дӯст орзу кардааст.

Қосим-Ҷомарт Токаев - иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Қазоқистон

Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ таъкид намудааст.

Зимнан раисҷумҳури Тоҷикистон ибрози итминон намуда, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.

Дар рафти суҳбат президентҳо ҳамдигарро ба муносибати иди Наврӯз шодбош гуфтаанд.

 

167
Мавзуъ
Руҳонӣ ба Раҳмон: "якпорчагии миёни миллатҳоро фароҳам орем"
Таманниёти Мирзиёев ба Раҳмон: "хушбахтии оилавӣ"