Раисҷумҳур ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкВид на район Дубай-Марина
Вид на район Дубай-Марина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назар аст, ки раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёв дар ин сафар бо фаъолияти боғи "Масдар-сити" ва дигар сохтмонҳои иҷтимоӣ ошно шавад

ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати шоҳзодаи Аморати Абу-Даби Муҳаммад ибни Зоид рӯзи 24 март бо сафари расмӣ ба АМА сафар кард. Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба хабаргузории УзА, менависад.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо шоҳзодаи Абу-Даби, муовини Фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид, муовини президент, сарвазири АМА, амири Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рашид ал Махтум дидору мулоқот мекунад.

Визит Шавката Мирзиёева в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Таманниёти Мирзиёев ба Раҳмон: "хушбахтии оилавӣ"

Дар ин мулоқот масоили таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, навоварӣ, бонкӣ ва молӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки масоили сиёсии  байналмиллалӣ ва минтақавӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар хулосаи ин сафар байни Узбакистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб миморандуми ҳамкории дуҷониба имзо хоҳад шуд.

Дар баробари ин дар назар аст, ки раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёв дар ин сафар бо фаъолияти технопарк "Масдар-сити" ва дигар сохтмонҳои иҷтимоӣ ошно шавад.

Лентаи хабарҳо
0