Президент РФ Владимир Путин перед совместным фотографированием глав государств-участников Содружества Независимых Государств.

Дастури раисҷумҳур ба вазири умури хориҷа барои омодагӣ ба сафари Путин

722
(Таҷдидшуда 15:48 25.03.2019)
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 28 март бо сафари расмӣ ба Қирғизистон меравад

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар маҷлис ба вазири умури хориҷаи ин кишвар Чингиз Айдарбеков дастур дод, ки ба сафари Владимир Путин ҷиддӣ омодагӣ бинанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков пештар хабар дода буд, ки Владимир Путин бо сафари расмӣ рӯзи 28 март ба Қирғизистон меравад.

"Айдарбеков дар ин маҷлис аз омодагии ҳукумат ба сафари президенти Русия  ва чорабиниҳое, ки дар доираи ин сафар баргузор мешаванд, гузориш додааст",-омадааст дар хабарномаи хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон.

Дар ин росто Жээнбеков дастур дода, ки то расидани Владимир Путин барои баргузории чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ бинанд.

Пештар Жээбеков гуфта буд, ки ӯ муносиботи миёни Қирғизистону Русияро ба сатҳи олӣ мебарорад.

Дар доираи омодагӣ ба сафари Путин, авоили моҳи март 21-умин нишасти ҳукуматҳои Қирғизистону Русия баргузор шуда буд. 

Ҳамчунин чанд барномаи бузург аз ҷумла ҳамоиши Қирғизистону Русия бо ширкати доираҳои тиҷории ду кишвар ва фестивали байналмилалии "Гулҳои Русия" (Цветы России) бо ширкати ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад.

722