Эмомали Рахмон вручил сотрудникам МВД ключи от квартир

"Сюрприз"-и Раҳмон дар Хуҷанд: 10 калиди хонаҳои 2-3-ҳуҷрагӣ ба камбизоатон

2662
Раисҷумҳур ба 10 хонаводаи камбизоат хона дод. Тӯҳфаи раисҷумҳур барои сокинон ғайриинтизор буд, онҳо ба Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ карданд

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 10 хонаводаи камбизоат дар Хуҷанд манзили 2-3-ҳуҷрагӣ ҳадя кард. Бино ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, ин ҳадяҳо барои сокинон ғайриинтизор буд, онҳо  аввал шигифтзада ва сипас аз президент миннатдор гардиданд.

Афзун бар ин, дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаву олии шаҳри Хуҷанд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

"Қобили зикр аст, ки туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз сару либоси мавсимӣ, аз ҷумла шиму кастюм, ҷӯробу пойафзол, курта ва шириниҳои гуногуни наврӯзӣ иборат буданд", - менависад дафтари матбуотӣ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Фото : пресс-служба президента Таджикистана

Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимон дастурхони идона ороста шуда, ба ҳар яки онҳо аз ҷониби кишвардор маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои оморӣ, то имрӯз дар вилояти Суғд 467 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор доранд ва барои онҳо шароити муосири таълимиву илмомӯзӣ муҳайё гардидааст. 

2662
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Имтиёзҳои замони COVID - 19 ва ҷавобгарӣ барои нақзи "карантин": Раҳмон 22 қонун имзо кард

1155
(Таҷдидшуда 14:34 04.07.2020)
Имрӯз, 4 июл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якқатор қонунҳоро имзо кард. Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҷавобгарӣ барои нақзи чорабиниҳои қарантинӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Имтиёзҳо

Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» воридгардида вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID-19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар мӯҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.

Соддагардонии барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади осону содда гардондани барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд.

Ҳамчунин ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд.

Манбаъ афзуда, ки матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешавад.

1155
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

939
(Таҷдидшуда 13:59 02.07.2020)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз бо кишвардори Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат карда, ҳамтои русашро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсия, табрик намуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ибтидои суҳбат президенти Тоҷикистон Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Русия табрик намуда, таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон дар он, боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Русия пеша кардааст.

Раҳмон ҳамчунин зикр кардааст, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи тамоми шаҳрвандони Русия хизмат хоҳанд кард.

Дар ин зимн, Президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Русия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намудааст.

Манбаъ афзуда, ки президентҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

939
Барчаспҳо:
мулоқот, суҳбати телефонӣ, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин
Туристы идут в поход

Омодагии ВМКБ барои қабули сайёҳон дар замони ҳамагирии COVID - 19

0
(Таҷдидшуда 16:50 06.07.2020)
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва масъулини ВМКБ аз шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Хоруғ ва Мурғоб дидан намуданд

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Бо мақсади баррасии пешгирии бемории COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва масъулини ВМКБ аз шаҳру навоҳии ВМКБ дидан намудааст.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" дар рафти сафар гурӯҳи корӣ ва масъулини мақомоти ВМКБ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, ҳомстейҳо, гестҳаусҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгўй намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси COVID-19 - ро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз пиряхи Федченко, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, қаторкўҳои сайёҳгузар, Булун-кӯл диданд намудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя аз Бонки Ҷаҳонӣ Қалъаи «Ямчун» дар ВМКБ бозсозӣ шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешавад. Гурӯҳи корӣ аз мавзеи мазкур дидан карда, бо масъулин дар самти рушди инфрасохтор ва ҷалби мутахассисону роҳбаладони таҷрибадор барои аз нигоҳи илмӣ асоснок муаррифӣ намудани мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ суҳбат кардааст.

Бо дастгирии Кумита дар вилоят Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангии сайёҳии Помир (PECTA) таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 10 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродии соҳаи сайёҳиро муттаҳид месозад. Инчунин, бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ таъмини рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии вилоят, бо тартиби муқарраргардида то имрӯз ба 44 субъекти хоҷагидори вилоят иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст.

Айни замон дар шаҳри Хоруғ 17 ширкат, ноҳияҳои Шуғнон — 3, Рӯшон — 5, Мурғоб — 14, Дарвоз — 2, Ишкошим — 2 ва дар Ванҷ — 1 ширкати сайёҳӣ ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят зиёда аз 50 меҳмонхона ва ҳомстею гестҳаусҳо, 6 осоишгоҳ амал менамоянд ва гурӯҳи корӣ аз имкониятҳои хизматрасонӣ ҳолати санитарию гигиении онҳо дидан карданд. Бо ба эътидол омадани вазъи паҳншавии пандемия иншооти мазкур омодаи қабули сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Аз рўи таҳлилҳо дар соҳа ва мушкилиҳои ҷойдошта гурӯҳи корӣ ба сохторҳои марбута ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок, ҳавасмандӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зичи сохторҳои марбутаи сайёҳии вилоят бо мақоми ваколатдор, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи сиёсати босамари давлатии соҳаи сайёҳӣ, ташкили омўзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти ташаккули бизнеси сайёҳӣ, ташкили иқлими мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ пешнищодщо кардааст.

Щамчунин ба инфрасохтори сайёҳӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои минтақаҳои бартариятдошта, беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ ва таъмини интернет дар мавзеъҳои сайёҳгузар, таҳия ва чопи маводҳои таблиғотии соҳа барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои тамошобоби вилоят, таъмини мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, инъикоси ҳамаҷониба имкониятҳои сайёҳии ноҳияҳои вилоят тариқи ВАО, ташкили гушаҳои сайёҳӣ бо забонҳои давлатию хориҷӣ, таъсиси сомонаи алоҳида вобаста ба имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва фаъол намудани онҳо дар маҳалҳо, боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии маҳалль аз тавсиящои дигар будаанд.

Дар баробари ин, барои таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бо истифода аз имтиёзҳои андозӣ дар шаҳру ноҳияҳо, насби лавҳаҳои ишоратии сарироҳӣ бо се забон дар даромадгоҳҳо ва ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, таъсиси гушаҳои фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори муосир дар атрофи пиряхи Федченко аз ҳисоби шарикони рушд, маблағгузории “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар маҳал, бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии пешбинишуда сохтмони иншооти хизматрасонии дорои ташноб, ҷойи дастшуӣ, ҳаммоми хурд, хуроки тезтайёр, ҷойи истироҳат ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт дар шафати шоҳроҳҳо барои сайёҳон бо ҷалби соҳибкорон пешнищод шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки ВМКБ яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рўдҳо ва дарёчаҳои шўх, кўлҳо, кўҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шўҳрати калон пайдо кардааст.

Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кўли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, қаторкўҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир мусоидат менамоянд.

0
Барчаспҳо:
рушд, сайёҳӣ, ВМКБ