Жениш Раззоқов, ноиби сарвазири Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Изҳороти КДАМ дар бораи ҷосусии Раззоқов барои Тоҷикистон ва Шабнами Собирӣ

2095
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, зимни тафтишот ҳеч далели ҷосуси Тоҷикистон будани Жениш Раззоқов, ноиби сарвазири Қирғизистонро наёфтааст

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik.  КДАМ изҳорот додааст, ки ҳеч далели равобити Раззоқовро бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ пайдо накард.

“Дар пайи таҳқиқи маълумоти расонаҳои интернетӣ дар мавриди равобити ноиби сарвазир Раззоқов бо хадамоти махсуси хориҷӣ, ҳеч далели тасдиқкунандаи ин иддао пайдо нашуд”, - омадааст дар изҳороти КДАМ Қирғизистон.

КДАМ таъкид кардааст, ки чунин иддао моҳи июли соли 2016 дар сомонаи “e-tadjikistan.org.” нашр шудааст, ки феълан фаъол нест.  

“Ҳамчунин созмони гӯиё мухолифин - “Единый Таджикистан” – “Тоҷикистони воҳид”, ки гӯиё молики сомонаи “e-tadjikistan.org.” будааст ва муаллифи мақола бо номи Шабнами Собирӣ, дар асл вуҷуд надоранд”, - изҳор доштааст КДАМ Қирғизистон.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ аз бадномкунии сиёсатмадорону мансабдорон васеъ истифода мекунанд, агар фаъолияташон дар мақомҳои калидии давлатӣ ба манфиати ин кишварҳои хориҷӣ рост наояд.

Қаблан Ҳукумати Қирғизистон иддао дар бораи ҷосуси Тоҷикистон будани Жениш Раззоқовро, ки дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон аз сӯи бархе вакилон низ садо дод, бапоя ва иғво хонда буд.

Ҳукумати Қирғизистон зикр кардааст, ки Раззоқов тамоми марҳилаҳои хидмат дар мақомоти умури дохилиро паси сар карда, дар мақоми сардори Раёсати умури дохилии вилояти Бодканд фаъолият намудааст ва баъдан роҳбари ин вилоят таъин шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон афзуд, имкон надорад, ки рабт доштани Раззоқов бо хадамоти кашшофии Тоҷикистон тайи ин муддати фаъолияташ аз назарҳо берун монад.

Иддао дар бораи равобити Раззоқов ба мақомоти кашшофии Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон садо дод. Бар асоси ин иддао, ки дар расонаҳои  Қирғизистон нашр шудаанд, гӯиё равобити Раззоқов бо мақомоти Тоҷикистон замони кораш дар мақомоти умури дохилии Бодканд оғоз шудаанд. Худи Раззоқов ин иддаоро бепоя номид.

Жениш Раззоқов ахиран дар гуфтушунид бо мақомоти Тоҷикистон дар масъалаи марз ҳайати Қирғизистонро роҳбарӣ мекард.

2095