Совет министров иностранных дел СНГ, архивное фото

10 масъаларо ҳал мекунем: Шӯрои вазирони умури хориҷаи ИДМ дар Маскав

153
Вазорати умури хориҷаи Русия қайд карда, ки вазирони ИДМ имрӯз, 10 масъалаи мубрамро баррасӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Рӯзи ҷумъа дар Маскав Шӯрои навбатии вазирони корҳои хориҷаи ИДМ баргузор мешавад. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи Русия хабар медиҳад.

"Дар ин нишаст даҳ масоили мубрами ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсуд баррасӣ хоҳад шуд. Вазирон бобати мушкилоти актуалии минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор карда рушди минбаъдаи ҳамкориҳояшонро баррасӣ мекунанд",-омадааст дар хабарномаи ВУД Русия.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа лоиҳаи изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба муносибати 80-умин солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тасдиқ намуда, барномаи амал доир ба фаъолгардонии шарикӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ-ро, ки бо ташаббуси Туркманистон таҳия шудааст, баррасӣ хоҳанд кард.

Инчунин зимни ҷаласа баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг, гуманитарӣ ва ғайраҳо дар назар аст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар ҷаласаи хосса мубодилаи анъанавии афкор доир ба масоили ҷории рӯзномаи байналмилалӣ ва баррасии ҳамгироӣ дар доираи ИДМ дар назар аст.

Инчунин вазирон лоиҳаи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба муносибати 80-умин солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва масоили фаъолгардонии шарикӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.

Дар ҷаласаи васеъ иштирокдорон масоили марбут ба зарурати нигоҳдорӣ ва нигоҳубини муносиби мазорҳо ва ёдгориҳои низомии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи тадқиқоти заминавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Санадҳои дигар, ки  пурра ҳамоҳанг гардида, ба густариши ҳамгироии кишварҳои Иттиҳод дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нигаронида шудаанд, барои имзо пешниҳод мегарданд.

Давлатҳои аъзои ИДМ тасмим доранд, ки ҳамгироиро дар соҳаи фарҳанг густариш диҳанд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи навбатии ШВКХ ИДМ қабули лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи осорхонадорӣ пешбинӣ шудааст.

153