Шарҳи КДАМ дар бораи хабари боздошти Алмосбек Отамбоев

Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабарҳои паҳншуда дар бораи боздошти раисиҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев дар деҳаи Той-Мойнокро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. КДАМ  хабарҳо дар бораи амалиёти махсус барои боздошти Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистонро дар деҳаи Тош-Майноки вилояти Чуй рад кард, хабар дод Sputnik Қирғизистон.

Алмазбек Атамбаев. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Алмосбек Отамбоев суруд мехонад: як машғулияти дигари раисҷумҳур

“КДАМ иттилои паҳншударо қасди нерӯҳои бадхоҳ барои эҷоди сардаргумӣ миёни ҷомеа медонад. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои муайянсозии дастандаркорони паҳни ин хабарҳо таҳқиқот мебарад”, - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки барои паҳни қасдонаи маълумоти бардурӯғ дар қонунгузории Қирғизистон муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран парлумони Қирғизистон бо қабули тағйирот ба қонунгузорӣ собиқ раисони ҷумҳурро аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кард ва меъёри мазкур баъди имзояш аз ҷониби раисиҷумҳури феълӣ мавриди амал қарор мегирад.

Лентаи хабарҳо
0