Духтари Назарбоев гуфт, ки натиҷаи интихобот аз чӣ вобаста аст

379
Дарига Назарбоева-духтари раисҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ки натиҷаи интихобот аз мардуми кишвар вобаста аст ва раъйпурсӣ бояд дар доираи қонун баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Спикери парлумони Қазоқистон, духтари президенти аввалини ин кишвар Дарига Назарбоева, гуфт, ки номзадҳо ба симммати президентиро ҳизбҳои сиёсӣ интихоб хоҳанд кард.

"Ҳар шаҳрванди кишвар мувофиқи конститутсия метавонад ба симмати президентӣ номзадиашро пешбарӣ кунад. Қарори ниҳоиро дар бораи пешбариии номзадҳо ҳизбҳои сиёсӣ қабул хоҳанд кард",- менависад аз қавли Дарига Назарбоева Zakon.kz.

Манбаъ қайд мекунад, ки Дарига Назарбоева гуфтааст, ки натиҷаи интихобот аз мардуми кишвар вобаста аст ва раъйпурсӣ бояд дар доираи қонун баргузор шавад.

Дар баробари ин Дарига нагуфт, ки агар ҳизб номзадии ӯро пешбарӣ кунад, ширкат мекунад ё не.

Дар Қазоқистон интихоботи Президент пеш аз муҳлат баргузор мегардад

Пештар ёвари сухангӯи палата-Саул Мустафоева гуфт, ки Дарига Назарбоева номзадиашро ба симмати президентӣ пешбарӣ намекунад.

Дарига Назарбоева-духтари бузургии президенти аввалини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мебошад.

379