Мансабҳои домодҳои "эрка"-и раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ

2776
Бештари домодҳои сарони кишварҳо дар Осиёи Марказӣ сари корҳои муҳими давлатианд. Дар Тоҷикистон низ ин падида истисно нест

ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Омили хонаводаи президент дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст. Домодҳо инҷо писари дувуми оила ҳисоб мешаванд.

Sputnik Қирғизистон бо истифода аз манбаъҳои кушод дар бораи мансабҳои додмодҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот гирд овардааст.

Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон на танҳо роҳбари кишвар, балки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат аст. Президент 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Пресс-служба президента Таджикистана

Духтари калонии президент Фирӯза ба писари роҳбари пешини Роҳи оҳани тоҷик Амонулло Ҳукумов шавҳар кардааст. Аммо дар маъхазҳои кушод дар бораи Ҳукумови хурдӣ маълумоте нест.

Муовини аввали Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ҳамсари духтари дувуми президент, ки ҳамзамон роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур - Озода Раҳмон мебошад.

Онҳо соҳиби 5 фарзанданд. Нуралиев пештар дар Бонки миллӣ иқтисодчӣ буд, баъдан дар Сандуқи байналмилалии асъор ва Бонки умумиҷаҳонӣ кор кардааст. Сипас мансаби муовини аввали вазири молияро соҳиб мешавад.

Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото
Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото

Бино бар иттилои расонаҳо, духтари сеюми Раҳмон  Рухшона муовини роҳбари яке аз раёсатҳои ВУХ Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ ҳамсари Шамсулло Соҳибов раиси Ассосиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон ва ба иттилои расонаҳо яке аз моликони ширкати бузурги "Фароз" аст.

Духтари панҷуми президент Парвина ба Ашраф Гулов - писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гулов шавҳар кардааст. Худи Гулов дар Бонки миллӣ ва ВУХ кор мекард. Соли 2014 роҳбари хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъин мешавад.

Зарина Раҳмон духтари шашуми президент замоне дар телевизиони давлатии Тоҷикистон ровӣ ва феълан дар бонки "Ориёнбонк" муовини раис аст. Ӯ ҳамсари писари Бег Сабур - расонаитарин қудои президент аст.

Қазоқистон

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури тозаи Қазоқистон як писар дорад. Аммо аввалин президенти ин кишвар, ки Пешвои миллат низ ҳаст, соҳиби се духтар аст.

Духтари калониаш Дариға 12 сол пеш аз ҳамсараш Роҳат Алиев ҷудо шудааст. Алиев худро яке аз мухолифини ҳукумат эълон мекунад ва ба хориҷ меравад. Ӯ дар яке аз зиндонҳои Австрия даст ба ҷони худ мезанад.

Шавҳари духтари дувуми Назарбоев яке аз миллиардерҳои кишвар ва раиси KAZENERGY Қазоқистон ҳамчунин роҳбари палатаи миллии соҳибкорони кишвар аст. Аз соли 2011 узви шурои директорони "Газпром" ва президенти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон аст.

Духтари севуми Назарбоев - Алия се бор шавҳар кардааст. Аввалин шавҳари духтари президенти Қазоқистон писари президенти пешини Қирғизистон Аскар Акаев буд. Шавҳари феълии ӯ Димаш Досанов мудири кулли яке аз ширкатҳои бузурги кишвар "КазТрансОйл" аст, ҳамчунин президенти Федератсияи басткетболи Қазоқистон аст.

Қирғизистон

Сооронбой Ҷээнбеков ду фарзанд - як писар, ки мактабхон аст ва як духтар дорад. Бахтигул соли 2016 оиладор шудааст ва ҳамсараш Отабек дар дастгоҳи ҳукумат коршинос аст.

Эксперт в отделе международного сотрудничества аппарата правительства КР Атабек Абжалиев
© ФОТО / ПРЕДОСТАВЛЕНО АТАБЕКОМ АБЖАЛИЕВЫМ
Эксперт в отделе международного сотрудничества аппарата правительства КР Атабек Абжалиев

Туркманистон

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов аз соли 2006 роҳбари Туркманистон аст. Президент 3 духтар ва 1 писар дорад. Писараш дар Вазорати умури хориҷа кор мекунад. Ба гуфтаи як қатор коршиносон, Сардор - писари президентро ба ҷои падар омода мекунанд.

Дар бораи духтари Бердимуҳаммедов маълумот хело кам аст. Танҳо маълум аст, ки духтари калониаш дар Лондон бо шавҳараш ва духтари дувумаш дар Париж зиндагӣ мекунанд.

Узбакистон

Президенти 62-солаи Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова се фарзанд тарбия мекунанд. Писари ягонаи хонавода мактабхон ва духтронаш оиладоранд.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев со своей семьей в Ташкенте
© AP / ANVAR ILYASOV / POOL
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев со своей семьей в Ташкенте

Номи духтари калонии президент Саида ва домодаш Ойбек Турсунов аст. Ба қавли расонаҳо Ойбек дар дастгоҳи президент мақом дорад.

Шаҳноза ҳамсари Отабек Шаханов роҳбари муҳофизони падарарӯсаш аст.

Мирзиёев соҳиби 5 набера аст.

2776