Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиеев и Президент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев

Мирзиёев ва Тоқаев аз муҳимияти сулҳ дар Афғонистон ибрози назар карданд

122
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев 14 апрели соли ҷоррӣ, аввалин сфари худро ба Узбакистон амалӣ гардонид

ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Узбакистон ва Қазоқистон барпо намудани сулҳро дар қаламрави Афғонистон ва пиёда кардани лоиҳаҳои гуногунро дар ин кишвар яке аз корҳои муҳим хонданд, дар ҷамъбасти мулоқот бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев гуфтааст роҳбари Узбакистон Шавкат Мирзиёев.

Тоқаев рӯзи 14 апрел ба ҳайси президент нахустинбор  ба Узбакистон ташриф овард.

“Тарафҳо ҷанбаҳои муҳими ҷоррӣ намудани сулҳ дар Афғонистонро қайд намуда, ҳамчунин пиёда гардонидани лоиҳаҳои иқтисодиро дар ин кишвар муҳим хонданд”, - қайд кардааст Мирзиёев ҳангоми ҷамъбасти гуфтушунидҳо.

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев қайд гуфтааст, ки дар ҷараёни  гуфтушуниди роҳбари ду давлат, яке аз муҳимот, амали якҷояи кишварҳои минтақа баҳри созиш ва амният дар Осиёи Миёна дониста шуд. Баҳри субботи минтақа пеш аз ҳама бояд ба терроризми байналмилалӣ, ифротгароии диннӣ, маводи мухаддир, ташкили ҷиноятҳои транс-миллӣ муқовимат кард.

Тоқаев ҳам аз мувофиқаи назарҳо ҳарду ҷониб дар мавзӯи обу энергетика дар Осиёи Миёна дар асоси меъёр ва принсипҳои байналмилалӣ изҳори назар кардааст.

122
Барчаспҳо:
энергетика, об, мулоқот, Қазоқистон, ВКХ Узбакистон
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард

454
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, чанде аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, дар мақомоти қудратӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

Бо қарори дигар Пиракзода Ҳикматулло ба ҷойи ӯ, сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тибқи қарори сеюми Ҳукумат, Нурализода Нуриддин Файзиддин директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

454
Барчаспҳо:
Ҳукумат, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

2377
(Таҷдидшуда 15:16 10.07.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 10 июл, дар мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Раҷабзода Насимҷон ба ин вазифа таъйин гардид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло Сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Мирзозода Бадриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.

Ҳамзамон, Нурализода Нуриддин Директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мирзоён Нодир — муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зайнуддинзода Авазхон Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Зимни суҳбат раисиҷумҳур, аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хизмат намояд.

Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзур намудани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёриву зиракии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

2377
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Нурекское водохранилище

Қадрдонии прапоршик Сафаров барои наҷоти духтари ноболиғ

0
(Таҷдидшуда 13:14 11.07.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки прапоршик Сафаров Анваршо, корманди идораи милиса дар шаҳри Норак, ҳангоми адои хизмат як духтарчаро аз марг наҷот дод

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, рӯзи 8 июли соли равон Сафаров, духтари ноболиғро, ки дар дарёи Вахш дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт, наҷот дод. Ин ниҳод аз амали Сафаров тавсиф кард, ки аз худ далериву ҷасурӣ нишон додаст.

Манбаъ афзуд, ки барои қадрдонии корманди милиса дар маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ҷамъомади ҳайати шахсӣ доир гардид.

"Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо рафтори шуҷоатмандонаи корманди милитсия Анвар Сафаровро намунаи баланди хизматӣ, садоқат ба касб ва эҳтироми баланд ба мардум арзёбӣ намуда, ӯро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонид", - омадааст дар иттилоия.

Сипас аз номи Роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШВКД дар шаҳри Норак подполковники милитсия Саидаҳрор Мирзоев барои нишон додани мардонагиву шуҷоат ва содиқ будан ба савганди хеш ба корманд изҳори сипос намуда, дар фазои тантанавӣ ӯро бо тӯҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ кард. 

ВУД илова намуд, ки инчунин дар назди ҳозирин фармон дар бораи додани рутбаи ғайринавбатӣ ба прапоршики милитсия Сафаров Анваршо Маҳмадсобирович эълон карда шуд.

0
Барчаспҳо:
наҷотдиҳанда, милиса, размикор, Тоҷикистон