Эмомали Рахмон принял участие в фестивале Национальные наврузовские блюда, организованном на площади Исмаила Сомони в Худжанде

Раҳмон бо муҳоҷирони тоҷик мулоқот мекунад

1106
(Таҷдидшуда 14:07 16.04.2019)
Интизор меравад, имрӯз баъди зӯҳр кишвардори Тоҷикистон бо диаспораи тоҷикони Маскав мулоқот кунад

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Имрӯз, 16 апрел баъди зӯҳр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав бо намояндагони диаспораи тоҷикон - донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик мулоқот мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Бино бар иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон хостори мулоқот бо сарвазири Русия Дмитрий Медведев ва раиси Думаи давлатии Русия Валентина Матвиенко низ шудааст.

17 апрел мулоқоти сарони Русия ва Тоҷикистон - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Ҷонибҳо муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ хоҳанд кард.

Интизор меравад, дар натиҷаи мулоқоти раисҷумҳурон як даста санад ба имзо расад.

1106
Мавзуҳо:
Сафари расмии дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия (18)