Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона в Москву

Се пешниҳоди Раҳмон ба Русия: авфи муҳоҷирон, сабукӣ дар сабти ному гирифтани патент

5658
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқт бо раиси Думаи давлатии Русия изҳори умедворӣ кард, ки марҳилаи навбатии авфи муҳоҷирон амалӣ мешавад ва ба тоҷикон дар Русия ҳангоми гирифтани патент ва сабти ном сабукиҳо дода мешавад

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Имрӯз, 16 апрел кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин соҳаи муҳоҷиратро низ баррасӣ кард.

Раисҷумҳур гуфт, ки Душанбе ва Маскав нақша доранд дар бораи интиқоли бонизоми муҳоҷирон ба Русия созишнома ба имзо расонанд.

"Солҳои охир мо дар масоили муҳоҷират ба дастовардҳои зиёд ноил шудем. Дар рафти сафар дар ин соҳа ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла созишнома дар бораи интиқоли бонизоми муҳоҷирон ба Русия ба имзо мерасанд", - тавзеҳ дод кишвардор.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин ҳол, чанд масъалаи дигаре ҳаст, ки ҳалталаб боқӣ мемонад.

"Аз ҷумлаи онҳо осон кардани сабти ном ва гирифтани патент ва муайян кардани статуси ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷир мебошад", - тавзеҳ дод ӯ.

Президент афзуд, ки Душанбе ба амалӣ шудани давраи дигар авфи муҳоҷирони тоҷик умед мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза дар Маскав қарор дорад.

5658
Мавзуҳо:
Сафари расмии дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия (18)