Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Нақли Раҳмон дар бораи шиносшавияш бо Путин: ман вакил будаму ӯ ёвар

2421
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи макону замони нахустин мулоқоту шиносшавияш бо Владимир Путин, президенти феълии Русия нақл кард

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия аз нахустин мулоқоту шиносоияш бо Путин зикр карда, афзуд, ки шиносоияшон моҳи майи соли 1992 сурат гирифт.

Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и президент Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

“Ман он замон - вакили одии мардумӣ бо Владимир Владимирович Путин моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе шинос шудам. Он вақт Владимир Владимирович дар Санкт – Петербург дар мақоми ёвари Анатолий Собчак кор мекард”, - овардааст нақли қавли Эмомалӣ Раҳмонро нашрия “Известия”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаст, ки бо Путин муносиботашон муътамаданд ва раисиҷумҳури Русия аз масоилу мушкилоти Тоҷикистону минтақа огоҳ мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон 16 апрел бо сафари расмии дурӯза бо як ҳайати бузурги аъзои ҳукуматаш вориди Русия шуд.

Дар назар аст, ки имрӯз 17 апрел раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русиягияш Владимир Путин мулоқот канад. Дар анҷоми мулоқот имзои як қатор санадҳо ба нақша гирифта шудааст.

2421
Мавзуҳо:
Сафари расмии дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия (18)