Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, акс аз бойгонӣ

Песков дар бораи ҳадафи гуфтушуниди роҳбарони Тоҷикистону Русия

182
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русиягияш Владимир Путин масоили гуногун - аз иҷтимоъ, то иқтисоду сиёсатро баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Дмитрий Песков, сухангӯи Путин роҳбарони ду кишвар нахуст дар ҳайати маҳдуд музокирот мекунад. Ӯ афзуд, ҳадафи асосии гуфтушунидҳо идомаи шарикии стратегӣ ва иттиҳодӣ мебошад.

Ба гуфтаи Песков, Путин ба муносибот бо Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳад.

“Тоҷикистон – шарики мо, кишвари хеле муҳим аст. Ба рушди муносибот бо Тоҷикистон Путин аҳамияти бузург медиҳад. Ҳадаф – идомаи роҳандозии шарикии стратегӣ ва иттиҳодӣ миёни ду кишвар мебошад”, - иттилоъ дод Песков ба рӯзноманигорон дар ҳошияи гуфтушуниди Раҳмон ва Путин.

Ба иттилои сухангӯи раисиҷумҳури Русия дар пайи музокироти ҳайатҳои маҳдуд, гуфтушунид дар ҳайатҳои васеъ ва имзои як қатор санадҳо дар назар буда, роҳбарони ду кишвар барои расонаҳо изҳороти муштарак хоҳанд дод.   

182