Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон

Мулоқоти Раҳмону Путин оғоз шуд

607
Президенти Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сарони Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқотҳои дуҷонибаро оғоз карданд, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ карда, дар масоили мубрами минтақавӣ мубодилаи афкор мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд. Худи ҳамон рӯз, кишвардор бо раиси Думаи давлатии Русия - Вячеслав Володин, сарвазири кишвар Дмитрий Медведев ва намояндагони диаспораи тоҷикони Маскав мулоқт аст.

Имрӯз мулоқоти сатҳи олии кишварҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар назар аст.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

607