Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия

Суҳбати яксоатаи Путин ва Раҳмон қабл аз оғози расмии гуфтушунидҳо

806
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия қабл аз оғози гуфтушуниди расмӣ давоми як соат мулоқоти хоса доштаанд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Владимир Путин гуфт, ҳанӯз қабл аз оғози мулоқоти расмӣ имкон доштанд, ки давоми як соат бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кунанд.

“Ҳеч зарурате барои зикри хусусиятҳои муносиботи мо нест, онҳо ба маънои томаш воқеан иттиҳодӣ ва шарикии стратегӣ мебошанд”, - гуфт Путин.

Ӯ зикр кард, ки миёни ду кишвар муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории низомӣ роҳандозӣ шудааст.

“Имрӯз боз имкон дорем, ки дар бораи муносибот бо тафсил суҳбат кунем. Гарчанде давоми як соат қабл аз оғози расмии гуфтушунидҳо бархе аз самтҳои калидии ҳамкориҳоямонро баррасӣ кардем. Акнун бо иштирок ҳамкорон дар ҳайати маҳдуд ва сипас дар ҳайати васеъ дар бораи ҳар яке аз самтҳо дар алоҳидагӣ суҳбат мекунем”, - гуфт Путин.

Ба гуфтаи Песков, Путин ба муносибот бо Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳад.

“Тоҷикистон – шарики мо, кишвари хеле муҳим аст. Ба рушди муносибот бо Тоҷикистон Путин аҳамияти бузург медиҳад. Ҳадаф – идомаи роҳандозии шарикии стратегӣ ва иттиҳодӣ миёни ду кишвар мебошад”, - иттилоъ дод Песков ба рӯзноманигорон дар ҳошияи гуфтушуниди Раҳмон ва Путин.

Ба иттилои сухангӯи раисиҷумҳури Русия дар пайи музокироти ҳайатҳои маҳдуд, гуфтушунид дар ҳайатҳои васеъ ва имзои як қатор санадҳо дар назар буда, роҳбарони ду кишвар барои расонаҳо изҳороти муштарак хоҳанд дод.   

806
Мавзуҳо:
Сафари расмии дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия (18)