17 апреля в Москве завершилась Седьмая конференция по межрегиональному сотрудничеству России и Таджикистана

Ҳафтумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия ба анҷом расид

38
(Таҷдидшуда 19:20 17.04.2019)
Дар конфронс чанд мизи мудаввар дар масоили хоҷагии қишлоқ, логистика, савдо, маориф ва фарҳанг баргузор шуданд

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. 17 апрел дар Маскав ҳафтумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия ба анҷом расид. Дар он роҳбарони вазорату идораҳо ва ширкатҳои Тоҷикистон иштирок доштанд. Ташкилкунандагони конфронс Вазорати рушди иқтисоди Русия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба Бунёди Росконгресс буданд.

Дар  конфронс чанд мизи мудаввар дар масоили хоҷагии қишлоқ, логистика, савдо, маориф ва фарҳанг баргузор шуданд.

Конфронс дар ҳошияи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия баргузор шуд.

Конфронс бо табрикоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин оғоз шуд. Табрикоти Путинро вазири рушди иқтисоди Русия Максим Орешкин ва табрикоти Раҳмонро ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода қироат карданд.

Дар ҳошияи конфронс як қатор созишномаҳо ва ёддошт, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкориҳо миёни ҷамъияти саҳҳомии "Российский экспортный центр" ва Оҷонсии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва ёддошт дар бораи ҳамкории ҶДММ "ВЭБ Инжиниринг" ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар анҷоми конфронс Максим Орешкин ва Неъматулло Ҳикматуллозада қайд карданд, ки ҳамкориҳои бояд идома ва тавсеа бахшид.

38