Акси якҷоя бо Син Ҷинпин ва ду пешниҳод: иштироки Раҳмон дар "Як камарбанд, як роҳ"

© Фото : Официальная страница президента РТ в FacebookПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и председатель КНР Си Цзиньпин
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и председатель КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки роҳҳои мошингарди шоҳроҳи “Чин — Тоҷикистон — Ӯзбекистон” ва “Чин — Тоҷикистон — Афғонистон” ба тарҳи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ворид карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Имрӯз27 апрел дар Пекин кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди "Як камарбанд, як роҳ" идома ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро дар майдони Ҳанчу Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Дар "Боғи тобистона" сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин барои хотира аксбардорӣ намуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши “Як камарбанд, як роҳ” ширкат кард

 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми мизи мудаввар таҳти унвони "Тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ барои омӯзиши манбаъҳои рушд" суханронӣ кардааст.

"Президент таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафмандонаи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” аҳамияти хоса медиҳад ва омодааст бо тамоми кишварҳо дар доираи ин тарҳ ҳамкории судмандро ба роҳ монад. Таъкид гардид, ки ин ташаббус метавонад барои Тоҷикистон манбаъи иловагии захираҳои молиявӣ дар роҳи татбиқи "Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2030" ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор гардад", - менависад манбаъ.

Иштироки Тоҷикистон дар ин ташаббус ҳамчун кишваре, ки ба баҳр баромад надорад, барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтидори транзитӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон бо амалӣ кардани ин ташаббус имкон фароҳам меояд, ки Тоҷикистон ба бозорҳои нав роҳ ёбад ва тавассути долонҳои нав корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис диҳад.

Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дарёфти роҳҳои нав: сӯҳбати Раҳмон бо Алиев

Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ таъкид кард, ки мақсади мо аз рушди соҳаи нақлиёти-транзитӣ ин фароҳам овардани шароити мусоид барои хатсайрҳои байналмилалии нақлиётӣ дар роҳҳои мошингард, ҳавоӣ ва роҳи оҳан байни кишварҳоямон мебошад.

"Роҳҳои мошингарди шоҳроҳи "Чин — Тоҷикистон — Ӯзбекистон" ва "Чин — Тоҷикистон — Афғонистон" ба тарҳи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" ворид карда шавад. Мо ҳамчунин лоиҳаи роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон"-ро дастгирӣ мекунем ва ҷонибдори ба он ворид шудани кишварамон мебошем", - пешниҳод кард Эмомалӣ Раҳмон. 

Ба андешаи раисҷумҳур, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, канданиҳои фоиданок, рушди саноати куҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон ва бахшҳои ояндадори кишоварзӣ, саноати сабук ва хурока метавонанд аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бошанд.

Дар охир президент Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки дар доираи татбиқи ин ташаббус мо метавонем рушди умумӣ ва сатҳи зиндагии мардумонамонро таъмин намоем.

Лентаи хабарҳо
0