Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири федеролии амнияти озуқавории миллӣ ва тадқиқоти Покистон

Дидори сафири тоҷик бо вазири Покистон: тиҷорат бештар мешавад

75
Дар рафти суҳбат  масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин бо вазири федеролии амнияти озуқавории миллӣ ва тадқиқоти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Соҳибзода Муҳаммад Маҳбуб Султон дидору мулоқот кардааст.

Ба гузориши равобити умумии ВУХ Тоҷикистон, дар рафти суҳбат  масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар баррасӣ шудааст.

"Ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва инчунин баланд бардоштани сатҳи тиҷоратии тарафайн нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ, баррасӣ шуданд",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин масъалаи баргузории вохӯрии Гуруҳи кории муштарак ва ба роҳ мондани робитаҳои коршиносони ҳарду ҷониб муҳокима  шуд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имрон Хон дар Пекин

Дар ин дидор пешниҳод шудааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои марбутаи кишварҳо, баргузории ин вохурӣ дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи 6-уми байниҳукуматии муштараки Тоҷикистон ва Покистон, ки дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ташкил карда шавад.

75