Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Афганистана Салохиддин Раббони

Баҳси Раҳмону Раббонӣ аз истирдоди 80 зиндонӣ ба Афғонистон

308
Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷаи Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ аз интиқоли 80 зиндонии афғон ба кишварашон гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Мулоқоти ҷонибҳо 16 май дар ҳошияи конфронси сатҳи баланд дар Душанбе баргузор гардид.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаи баргардонидани 80 маҳбуси афғонро ба кишварашон низ, баррасӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки зиндониҳо барои адои ҳукм ба кишварашон фиристода хоҳанд шуд.

Ҳарчанд дар ин бора дар гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Салоҳуддин Раббонӣ чизе гуфта намешавад, аммо дар хабаре дар сайти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ишора шудааст.

"Ду тараф дар ин дидор дар бораи хати интиқоли барқи CASA - 1000, нерӯгоҳи Роғун, ҳамкориҳои амниятӣ ва сарҳадӣ миёни ду кишвар, интиқоли 80 тан аз зиндониёни афғон, интихоботи раиси ҷумҳури Афғонистон баҳс ва табодули назар доштанд", - гуфта мешавад дар гузориши сайт дар бораи мулоқоти Раҳмону Раббонӣ.

Бештари зиндониёни афғон, ки дар ҳудуди Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, ба иллати интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир маҳбас шудаанд.

308