Меҳмони фахрӣ: Эмомалӣ Раҳмон ба Нур-Султон сафар кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПрилет президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Москву
Прилет президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Москву - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳурро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Шукурҷон Зуҳуров ва Озода Раҳмон гусел карданд

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28 май пас аз чанд дидору мулоқотҳо дар Душанбе ба Қазоқистон сафар кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд", - менависад манбаъ.

Раисҷумҳурро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.

Ёдрас мешавем, Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш бо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу мулоқот карда буд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, вазъ ва дурнамои ҳамгироии кишварҳо дар ин соҳаҳоро баррасӣ карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0