Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири нерӯи Эрон

Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири нерӯи Эрон чиро баррасӣ кард?

358
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён дар бораи пружаҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла Сангтӯда-2, нақби Истиқлол ёдовар шуданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Ахиран Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Эрон бо Вазири нерӯи Эрон, раиси ҷониби эронии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён дидору гуфтугӯ намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла равобити тиҷоратию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Тарафҳо дар бораи пружаҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла Сангтӯда-2, нақби Истиқлол ва ғайра ёдовар шуда, қайд карданд, ки бо таваҷҷуҳ ба зарфияту тавоноии мавҷудаи ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф имкон дорад ҳамкориҳои беҳтаре роҳандозӣ гардад ва баҳраҳои мутақобили бештаре бардошта шавад”, - таъкилд намудааст манбаъ.

Ҳамчунин вазирони ду кишвар роҷеъ ба фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон Эрон табодули назар карданд ва аз баргузории нишасти ахири Кумитаи пайгирии иҷлоси 12-уми Комиссияи муштарак дар Теҳрон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

“Зимни ёдоварӣ аз баргузории иҷлоси 13-уми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ, изҳори боварӣ шуд, ки он дар роҳи тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мусоидат хоҳад кард”,  -зикр намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз азири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Эрон бо ҳамтои эрониаш Ҷавод Зариф мулоқот анҷом дод.

Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор дар бораи робитаҳои дуҷониба ва таҳавулоти байналмиллалӣ табодули назар карданд.

358
Барчаспҳо:
пахши барномаҳо, пружа, ҳамкорӣ, ҶСК Сангтуда-1, Эрон, Тоҷикистон