Президент Исламской Республики Иран Хасан Роухани, архивное фото

Баҳои баланди президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

1547
(Таҷдидшуда 17:01 18.06.2019)
Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории нишасти 5-уми МҲТБО дар Душанбе, баҳои баланд дод

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Руҳонӣ зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, ба ҳукумати Тоҷикистон баҳогузорӣ кардааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

"Ҳасан Руҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонӣ ва баргузории шоистаи 5-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баҳои баланд дод",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин Ҳасан Руҳонӣ зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти охираш бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе рӯзи 15 июни соли 2019, омодагии кишварашро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ эълон дошта, ин равобитро ба нафъи ду давлат ва минтақа донистааст.

Пештар хабар дода шуд, ки сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ эътимодномаашро ба президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ супурд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран миёни Тоҷикистон ва Эрон “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният”, имзо шуд.

Тарафҳо тибқи Ёддошти баимзорасида, минбаъд вазифадор мешаванд, ки ҷиҳати таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар самтҳои пешгирӣ аз ғасби ҳокимият, таҳдидҳо бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва маблағгузории онҳо, пешгирии муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва моддаҳои тарканда, маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ ҳамкорӣ карда, ба корҳои дохилии якдигар дахолат намекунанд.

1547
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҳасан Рӯҳонӣ, Эрон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке

Номзад ба президентӣ Эмомалӣ Раҳмон: шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботӣ

48
(Таҷдидшуда 16:06 24.09.2020)
Кишвардори кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз барои курсии президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр, қувва меозмояд

26 сол мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон қарор кард бори панҷум дар фаъолияти сиёсиаш, дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.

Шарҳи ҳоли Эмомалӣ Раҳмон 

Ҷаноби Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ, зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад, 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти собиқи Кӯлоб (алъон вилояти Хатлон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардааст.

Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2013
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором адои хидмат карда, пас аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ бар мегардад ва дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара корро шуруъ мекунад.

Ба иттилоъи Хадамоти матбуотии президент, оқои Раҳмон соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд — ду писар ва ҳафт духтар мебошад.

Фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб шуда, тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб баргузида мешавад.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ин шӯро интихоб гардида, 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии кишвар иштирок ва барандаи он эълон мешавад.

Инчунин ӯ барандаи интихоботи президентии 1999-и Тоҷикистон эълон шуда, бори дигар ба муҳлати 7 сол ба курсии раҳбарии Тоҷикистон такя мезанад.

Ҳамин тариқ дар интихоботҳои президентии солҳои  2006 ва 2013 ҳам ин курсиро ҳифз кард.

Дар пайи имзои Созишномаи сулҳ моҳи декабри соли 1999 ба ӯ ба хотири хидматҳояш дар рванди барқарории сулҳу субот дар кишвар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода мешавад.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст.

Барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон

Шиор: Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум.

Се вазифаи асосӣ:

1. Таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

2. Афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат;

3. Расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Мувофиқи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад.

Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад.

Дар назар аст:

сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқа, бахусус, ғизои хушсифати мутобиқ ба меъёрҳои тавсияшуда афзоиш дода шавад;

вобастагии иқтисоди кишвар аз воридот кам карда мешавад;

сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона шавад;

ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш ёбад.

Нақшаҳо:

  • мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон;
  • тавсеа бахшидан ба сиёсати «иқтисоди сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ;
  • идома додани сохтмони НБО-и «Роғун», НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA — 1000», таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд»;
  • идома додани сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ, аз ҷумла дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Данғара-Гулистон, Кӯлоб-Муъминобод, Хуҷанд-Конибодом, Восеъ – Темурмалик -Кангурт, Гулистон-Кӯлоб, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон-Сари Хосор, Шкев-Қалъаихумб, Қалъаихумб-Ванҷ, қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ, Гулистон – Фархор – Панҷ — Дӯстӣ, Хуҷанд-Ашт ва дигар роҳҳои дохилӣ;
  • амалӣ намудани лоиҳаҳои бунёди шабакаи нуриву нахии байналмилалӣ, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ;
  • густариш бахшидан ба раванди ташаккули низоми шаҳрҳои миёна ва хурд ҳамчун «марказҳои устувори рушд» дар деҳоти кишвар;
  • ташкил кардани инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум;
  • таваҷҷуҳи авваландараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳоиилмумаориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, даврабадавразиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддивутехникиионҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;
  • тақвият бахшидан ба фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ;
  • тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ;
  • ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ  намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат;
  • тавсеа бахшидан ба фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, таъмин намудани иштироки шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ, эҳтироми Конститутсия ва садоқат ба давлат;
  • тавсеа додани фарҳанги сулҳ ва тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди нодири мардуми Тоҷикистон;
  • ҳифз намудани суботу оромии ҷомеа, таҳким бахшидан ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне таъмин кардани волоияти қонун, ҳимоя кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар ин самт таҳия ва қабул намудани «Стратегияи рушди низоми ҳуқуқии кишвар барои давраи то соли 2030»;
  • таъмин кардани амнияти миллӣ барои ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ;
  • таким бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, муҳайё сохтани шароити беҳтар барои сарҳадбонон ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа;
  • пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ — терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва кибертерроризм, инчунин, ба роҳ мондани шаклу усулҳои муосири муқовимат ба дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ;
  • тақвият бахшидани муқовимат бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои муассир барои аз байн бурдани сабабу омилҳои ба содиршавии он мусоидаткунанда, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа;
  • таҳким бахшидани ҳамкориҳои сиёсӣ,  иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷануби Шарқӣ,  Ховари Миёна, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Африқо;
  • устувор намудани мақом ва нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи  байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об;
  • идома ва такмил додани сиёсати "дарҳои кушода";
  • ба таври шоиста муаррифӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳандозӣ намудани дипломатияи фарҳангӣ ва инсонӣ бо  дарназардошти ҷанбаҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ;
  • ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.
48
Барчаспҳо:
ироъаи барномаи пешазинтихоботӣ, интихобот, сиёсат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Пешниҳоди Владимир Путин ба ҷоизаи Нобел

283
(Таҷдидшуда 16:09 24.09.2020)
Сиёсатдори рус, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бори сеюм ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Номзадии президенти Русия Владимир Путин ба ҷоизаи Нобел пешниҳод шуд.

Дархостро барои ҷоизаи ҷаҳонии сулҳи соли 2021 рӯзи 10 сентябр Сергей Комков равон кардааст.

Сиёсатмадори рус бори сеюм ба ҷоизаи ҷаҳонии Нобел пешбарӣ мешавад.

Ҳамин тавр, бори аввал Путинро соли 2013 пешбарӣ карда буданд. Он замон лорди бритонӣ Питер Траскотт нақши бузурги Владимир Путинро дар қазияи Сурия дида буд. Номзадии Путинро ҳамчунин президенти бунёди умумирусиягии маориф Сергей Комков пешниҳод карда буд.

Чунин пешниҳод соли 2014 аз ҷониби Академияи байналмилалии ваҳдати маънавӣ ва ҳамкорӣ сурат гирифта буд. Ин пешниҳодро аз ҷумла ҳунарманди машҳури рус вакили думаи давлатӣ Иосиф Кобзон бо имзои худ дастгирӣ карда буд.

Дар баробари ин масъалаи ба ҷоизаи Нобел пешниҳод кардани Владимир Путин соли 2016 низ баррасӣ шуда буд.

Ҷоизаи Нобел яке аз ҷоизаҳои қиматбаҳои байналмилалӣ дар дунё шинохта шудааст.

Ин ҷоиза ҳарсол ба олимони соҳаҳои гуногун барои ихтироъкориҳо ва навовариҳои намоён дода мешавад.

Дар васиятномаи Нобел ҷудо намудани ҷоиза барои ихтироот дар соҳаҳои физика, химия, физиология ва ё тиб, адабиёт пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин ин ҷоиза барои пойбарҷо гузоштани сулҳ дар рӯи замин дода мешавад.

283
Барчаспҳо:
Ҷоизаи Нобел, Владимир Путин, Русия
Призыв, архивное фото

Мулоқоти ошкорои раисон бо даҳҳо наваскарон: Оё “облава” аз байн меравад?

0
(Таҷдидшуда 15:52 24.09.2020)
Дар оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати сарбозӣ, раисони аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон наваскаронро ба мулоқоти худ пазируфта, аз майли ихтиёран ба хизмат рафтани онҳо хуш истиқбол кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Чанде пеш вохурии Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт бо волидони наваскарони ноҳия баргузор гардида ва дар ин мулоқот аз ихтиёран ба хизмати сарбозӣ рафтани 150 ҷавон иттилоъ дода шуд.

Сулаймонзода Қурбоналӣ комиссари ҳарбии ноҳия изҳори умед намудааст, ки шумори ҷавононе, ки майли рафтан ба хизмати сарбозиро доранд сол аз сол зиёд мешавад.

“Мо бо ҷавонони ҷасуру нотарси худ фахр мекунем ва умед ба он дорем, ки сафи ҷавонони бо амри дил ба хизмат ҳозиршаванда зиёд мегардад”, гуфтааст Сулаймонзода, комиссари ноҳияи Ашт.

Дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд низ мулоқоти Маъруф Муҳаммадзода, раиси ин шаҳр бо як гурӯҳ ҷавонон баргузор гардид. Дар ин вохурӣ шуморе аз ҷавонон аз омодагии худ, барои ихтиёран ба хизмат рафтанро баён намудаанд.

Зимнан дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ мулоқоти роҳбарон бо наваскарон ва волидони онҳо ҷараён дорад.

Баъзе аз масъулин барои ҳавасмандӣ ба ҷавононе, ки бо хоҳиши худ нияти ба хизмат сафарбаршуданро доранд, ройгон додани шаҳодатномаи ронандагӣ ва бархеи дигар ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро ваъда кардаанд.

Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра, баҳору тирамоҳ баргузор мешавад. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба аскарӣ моҳҳои октябр ва ноябр давом мекунад. Фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои даъвати тирамоҳии наваскарон содир шудааст ва тибқи он ҷавонони синнашон 18 -27 сола ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

"Моҳҳои октябр ва ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 - солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд", - омадааст дар қарори раисиҷумҳур.

Чанд сол аст, ки дар ҷараёни иҷроиши нақшаи қабули наваскарон ба қисмҳои ҳарбӣ хабарҳо дар бораи ҳолатҳои сарбозгирӣ ва ё ба истилоҳ “облава” зиёд нашр мешаванд.

Ҳодисаи Зафарободро фаромӯш мекунанд, ё такрор?

Дар ҷараёни маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати сарбозӣ баҳори имсол як гурӯҳ волидони сарбозон дар ноҳияи Зафаробод иброз намуданд, ки писарони онҳоро, ки ҳама табиб ва дар бемористони ноҳия фаъолият мекарданд, ғайриқонунӣ ба хизмат бурдаанд.

Роҳила Ёдгорова, модари Бахтиёр Ҷумъаев, яке аз чор сорбоз дар ноҳияи Зафаробод ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки масъулини комиссарияти ҳарбии ноҳия пеши худ рутбаи ҳарбии писарашро бекор намуда, ӯро ҳамроҳ бо ҳамкасбонаш ба хизмат фиристодаанд.

Ба ҳисоби Бахтиёр Ҷумъаев духтури сироятшинос, Аҳлиддин Ашрафов анастезиолог - реаниматолог, Дилшод Эшонқулов духтури асабшинос ва Шодӣ Шодиев, табиби ҷарроҳ ҳар яки онҳо баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки барои муҳассилин курси ҳарбиро низ фароҳам кардааст, бо дипломи олӣ ва билетӣ ҳарбӣ ба сифати табиб дар Беморхонаи ноҳияи Зафаробод аз рӯи касби худ ба фаъолият пардохта буданд, аммо кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия бо бекор кардани рутбаи ҳарбӣ, онҳоро пеши худ ба хизмат бурдаанд.

Дар оғози соли ҷорӣ дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қисмҳои низомии кишвар дар соли 2019, муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки бо вуҷуди иҷрои саривақтии нақша зиёд камбудиҳо ошкор шудааст.

Ба ҳамин далел нисбати дасти кам 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ аз ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар ҷаласаи бахшида ба 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бошанд.

Зимнан дар мулоқоту вохуриҳое, ки раисон бо наваскарон анҷом медиҳанд, сули матраҳ ин аст, ки чи теъдод аз ин ҷавонони бо майли худ ба хизмат раванда писарони нафарони мансабдор мебошанд? Ва ё кифоя аст, ки нақшаи тирамоҳии даъват аз ҳисоби ин теъдод ҷавонон иҷро шуда ва дигар “облава” аз байн меравад? – посухи ин суолро вақт нишон медиҳад, яъне ҷараёни маъракаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ.

0
Барчаспҳо:
сарбоз, наваскарон, истиқбол, мулоқот, тирамоҳ, Тоҷикистон