Омодагии Зеленский барои мулоқот бо Путин

Обуна шудан
Вохӯрии президенти Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский амалишаванда аст, мегӯяд раҳбари Шӯрои амнияти миллии Украина, Александр Данилюк

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дастгоҳи президенти Украина Владимир Зеленский, барои дидори кишвардорашон бо Владимир Путин омодагӣ мебинанд, гуфт вакили парлумони Украина Михаил Поплавский.

Зеленский гуфт, ки мулоқоташро бо Путин чӣ гуна оғоз хоҳад кард

Дар баробари ин раиси Шӯрои амнияти миллии Украина Александр Данилюк дар мусоҳиба бо вебгоҳи "Левый берег" изҳор дошт, ки вохӯрии Зеленский ва Путин амалишаванда аст.

Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати Зеленский ба Путин

"Албатта",-гуфт ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигор дар бораи  эҳтимолияти дидори сарони Украина ва Русия.

Данилюк қайд кард, ки ҳамаи мушкилотро якбора ҳал карда намешавад.

Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт

"Вале гаравгонон ва низомиёни маҳкумшударо бояд озод кард. Чуноне таҷриба нишон дод, ба воситаи таъсири беруна кор ҳал намешавад. Роҳҳои навро месанҷем",-илова кард Данилюк. 

Пештар Владимир Зеленский ба кишвардори Русия Владимир Путин муроҷиат карда хоҳиш кард, ки ҷониби Русия баҳрнавардони маҳкумшударо озод кунад.

Лентаи хабарҳо
0