Встреча Фредерики Могерини с министрами иностранных дел стран Центральной Азии.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт аз Иттиҳоди Урупо чӣ мехоҳад

151
(Таҷдидшуда 12:28 08.07.2019)
Намояндаи Олии Иттиҳоди Урупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору гуфтгугӯ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар Бишкек 7 июли соли ҷорӣ 15-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Урупо баргузор гардид.

Дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндаи Олии Иттиҳоди Урупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат кардаанд. Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Раҳмон афсурдагии Тускро аз дидани Сарез дар суханрониаш тасдиқ кард

Гуфта мешавад, ки зимни нишаст таваҷҷуҳи хосса ба Стратегияи нави Иттиҳоди Урупо барои Осиёи Марказӣ, ки 17 июни соли 2019 қабул гардид, зоҳир карда шуд.

Дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Урупоро дар чаҳорчӯби Стратегияи нав ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ҳамчунин вазири тоҷик оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳамдастӣ дар сабуксозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори минтақа, мудирияти муассири сарҳадот ва рафъи чолишҳои амниятӣ сухан кардааст.

Доналд Туск дар Сарез зиқ шуд: ӯ гуфт, сатҳи об боло рафта истодааст - аксҳо

Дар анҷоми вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштарак қабул намуданд.

Иттиҳоди Аврупо барои сохтмони НБО-и "Себзор" 20 миллион евро ҷудо мекунад

151
Барчаспҳо:
Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, стратегия, мулоқот, дидор, вазирони хориҷӣ, Сироҷидин Аслов
Президент России Владимир Путин

Муносибати Владимир Путин ба танқиди тунд: ӯ гуфт кадом нақд хуб аст

309
(Таҷдидшуда 18:53 12.07.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ба танқид чӣ гуна муносибат мекунад. Ӯ гуфт танқид набояд фақат ба хотири танқид бошад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфт, гӯш кардан ба пешниҳодҳоро аз вазифаи худ медонад.

Дар баробари ин президент қайд кард, ки танқид бояд конструктивӣ бошад.

"Агар аҷоиб намояд, ман ба пешниҳодҳо гӯш медиҳам. Агар дар баробари танқид чизе пешниҳод шавад. Чунки агар  танқид танҳо ба хотири танқид бошад, пас аҷоиб нест", - гуфт Владимир Путин дар мусоҳиба бо шабакаи "Россия 1".

Ба гуфти Путин дар дунё доим ҳастанд одамоне, ки дигар фикр доранд.

"Онҳо фикр мекунанд, ки роҳи ҳалле, ки онҳо пешниҳод доранд аз оне, ки мақомоти давлатӣ аз ҷумла преизедент пешниҳод мекунад, беҳтар аст", - шарҳ дод раисиҷумҳури Русия.

Путин иқрор шуд, ки ба танқиди ба ҷо ва пешниҳодҳои хуб "бо хушнудӣ гӯш медиҳад".

"Ҳама зид буданд": Путин дар бораи боздид аз Коммунарка

Дар баробари ин ӯ қайд кард, ки амалӣ кардани он чандон муҳим нест.

"Донистани ҳамагуна фиркҳо, пешниҳодҳо ва арзёбиҳо, фоида дорад", - хулоса кард президент.

309
Барчаспҳо:
президент, посух, вокуниш, Владимир Путин
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард

495
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, чанде аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, дар мақомоти қудратӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

Бо қарори дигар Пиракзода Ҳикматулло ба ҷойи ӯ, сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тибқи қарори сеюми Ҳукумат, Нурализода Нуриддин Файзиддин директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

495
Барчаспҳо:
Ҳукумат, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
День 13 июля

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:06 12.07.2020)
Рӯзи сенздаҳуми июл дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ буда дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ мебошад

Рӯзи 13 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1885 дар Амстердам Осорхонаи миллии Голландия ифтитоҳ ёфт.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1923 Парлумони Англия фурӯши машруботи спиртиро ба шахсони аз 18 -сола поён манъ кард.

Соли 1930 дар пойтахти Уругвай – шаҳри  Монтевидео аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардида, 30 июл ба анҷом расид.

Соли 1935  аввалин Созишномаи тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА  ба имзо расид.

Соли 2001 пиразани 101-солаи австралиягӣ бо номи Эйми барои давидан ба масофаи 1500 метр рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ ин масофаро дар 19 дақиқаю 59 сония паси сар намуд.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

День 11 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 созишнома, аз ҷумла, Созишнома дар бораи маблағгузории «Лоиҳаи мустаҳкам намудани тартиби ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид.

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқот анҷом дода,  масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.

Соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Такур расман ифтитоҳ ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл

  • Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
  • Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдулло Субҳон (1955)- шоир.

Басир Расо (1931-2011) – шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Мўсо Вализода (1937)- шоир.

Қаро Зокиров (1929)- рассом, ҳайкалтарош.

Амонулло Каромов (1970)- актёри театр.

Фотима Куинова (1925) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бақо Содиқов (1941) – коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Собир Хоҷаев (1928 – 2009) – мутарҷим.

Самеъҷон Шодиев (1919-1994)- арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи маданияти ТоҷикистонАзиз Эргашев (1922- 1997)- арбоби ҷамиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ямилов (1934) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Раҳматулло Ҳошимов (1960)- сароянда.

Равшан Баротов (1972)- оҳангсоз.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон