Аскар Мамин, акс аз бойгонӣ

Аскар Мамин вориди Душанбе шуду ба пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

120
Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон баъди зуҳри имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Маминро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ҳамтои тоҷикистонияш Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Ба ифтихори истиқболи расмии Аскар Мамин дар фурудгоҳ парчамҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон барафрохта шуда, инчунин қаровули фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ  саф ороста буданд.

Аскар Мамин сипас ба  майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе омада, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” гулчанбар гузошт.

Имрӯз дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ Маминро  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур пазирад.

“Инчунин музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин баргузор мегарданд”, - иттилоъ додааст “Ховар” ва афзудааст, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳад расид.

120
Барчаспҳо:
сафар, мулоқот, сарвазир, Тоҷикистон-Қазоқистон