Раҳмон раисиҷумҳури тозаинтихоби Литваро шодбош гуфт

© © Sputnik / Михаил ПалинчакПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба президенти тозаинтихоби Литва Гитанас Науседа паёми шодбошӣ ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш Гитанас Науседаро ба муносибати оғози фаъолияташ дар мақоми Президенти Литва самимона табрик ва муборакбодӣ намудааст.

Визит Эмомали Рахмона в Астану на переговоры с президентом Казахстана Нурсултаном Назарбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Назарбоевро табрик гуфту аз эҳтироми мардум ба Пешвои миллат тавсиф кард

“Мо ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Литва ҳавасманд монда, ба дурнамои онҳо назари некбинона дорем”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамёрии ду кишвар ба сатҳи сифатан нав бардошта хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Науседа сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти кориаш комёбиҳои нав ба навро баҳри пешрафт ва шукуфоии бештари Литва орзу намудааст.

Науседа иқтисодчӣ мебошад, ки моҳи майи соли равон дар интихоботи раисиҷумҳури Литва бо гирифтани 65,86 дарсади овозҳо пирӯз гардид.

Лентаи хабарҳо
0