Премьер-министр Республики Кореи Ли Нак Ён

Ли Нак Ён ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

84
(Таҷдидшуда 15:21 17.07.2019)
Дар ин маросим Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik.  Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз ба майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе ташриф овард.

Ли Нак Ён бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Сарвазири Ҷумҳурии Корея, Ли Нак Ёнро муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Инчунин Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён дар доираи сафараш дар шаҳри Душанбе аз Осорхонаи миллӣ ва Кохи Наврӯз дидан мекунад.

Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо даъвати Қоҳир Расулзода ба Тоҷикистон меояд

Ёдовар мешавем, ки Ли Нак Ён сарвазири Корея бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омада, бо раисҷумҳур ва раиси шаҳри Душанбе дидору мулоқот мекунад.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар музокироти Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳад расид.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Корея 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.

84
Барчаспҳо:
Исмоили Сомонӣ, пайкара, Корея, сарвазир, Тоҷикистон