Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ: Рустам Эмомалӣ бо сарвазири Куриё чиро баррасӣ кард?

709
(Таҷдидшуда 20:45 16.07.2019)
Шаҳрдори Душанбе, Рустам Эмомалӣ ва сарвазири Куриё Ли Нак Ён дар бораи бародаршаҳрии Душанбе ва Сеул ба мувофиқа расиданд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сарвазири Куриё Ли Нак Ён, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, дидор кард.

Бино ба гузориши дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, дар  вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати Куриё дар соҳаҳои гуногун мавриди музокирот қарор гирифт.

Сарвазири Куриё Ли Нак Ён ба Душанбе ворид шуд

"Ҷонибҳо  зимни баррасии масоили  ҳамкорӣ  ба ташкили корхонаҳои муштараки барои ҳар ду ҷониб муфид, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, технологияи ҳозиразамон, саноати сабук ва дигар самтҳо  ҳавасмандӣ зоҳир намуданд" - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни пойтахтҳои ду кишвар, пешниҳод гардид, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва  Сеул муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад.

Сарвазири Куриё дар се рӯз бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ мулоқот мекунад

Дар ин робита тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик санади ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расонда шавад.

Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо даъвати Қоҳир Расулзода ба Тоҷикистон меояд

Манбаъ афзуда, ки вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт.

709
Барчаспҳо:
мулоқот, дидор, Душанбе, Тоҷикистон, Куриё, сарвазир, Рустами Эмомалӣ
Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона в Москву

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар мекунад

6238
(Таҷдидшуда 17:15 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба пойтахти Русия шаҳри Маскав сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад, хабар медиҳад РИА Новости.

Қайд мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон даъвати кишвардори Русия Владимир Путинро барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ, қабул кардааст.

"Президенти Тоҷикистон рӯзи 24 июн гузашти низомиро ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ тамошо хоҳад кард", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилои манбаъ, феълан дипломатҳои ду кишвар масъалаҳои ташкилотии ин сафарро ҳал мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Владимир Путин ҳамаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав даъват кард.

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ҳамин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

6238
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, сафар, Маскав, Эмомалӣ Раҳмон
Свечка, архивное фото

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

1535
(Таҷдидшуда 12:26 30.05.2020)
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори варзидаи тоҷик ва аз номзадҳои собиқи курсии президентӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан даргузашт

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Хабари даргузашти Сайфиддин Тӯраевро, дар ҳукумати шаҳри Истаравшан тасдиқ карданд.

Акбар Маърупов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб дар синни 75 солагӣ дар манзилаш даргузашт.

"Вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мебурданд. Имрӯз рӯзашон буд шуд ва дунёро падруд гуфтанд", - гуфт Маърупов.

Сайфиддин Тӯраев, аз элитаҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1990 - ум дониста мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва чанде дигар аз сиёсатмадорони вақт аз номзадҳои аввалин интихоботи президентӣ дар соли 1991 ба ҳисоб мераванд, ки шумори аз овози тарафдорони худро ба даст овардаанд.

Тӯраев дар интихоботи соли 1999 бори дигар ҳам номзад баргузида шуд, вале барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ комёб нашуд.

Баъди ин ӯ, аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва рӯ ба тиҷорат овард.

Бино ба иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ Сайфиддин Тӯраев, дар соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

То солҳои 1986 ба сифати коргари оддӣ, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа кор кардааст.

Солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. Бино ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи шаҳри Истаравшан қарор аст, имрӯз маросими хоксупории Тӯрев соати 16:00 баргузор гардад.

1535
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, даргузашт
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото

Шӯрои уламо дар бораи закот ва миқдори он: ба кӣ бояд дод?

0
(Таҷдидшуда 11:07 04.06.2020)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суолҳои корбари сомонааш дар мавриди нӯшидани нисоби закот ва миқдори он, посух гуфтааст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Як чанд корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар хостаанд дар бораи закот, миқдори он ва дар кадом вақт ба чи кас онро супорид посух диҳад.

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад.

Шӯрои уламо гуфтааст, пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.

“Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ў закот фарз намешавад.Шарти воҷиб шудани закот ба нисоб расидани мол аст, агар қабл аз ба нисоб расидан ҳам пардохт кунад, ҷоиз ва кори хайр аст”,-афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, додани закот ба ҷуз падару модар ва фарзанду набера ва ҳамсар ба дигар хешовандон дуруст аст, агар моли ба нисобрасида надошта бошанд.

0